Салом ба муштариёни “Оила”
Ман як сол пеш бо дахолати хушдоманам ба зиндагии мо аз шавҳарам ҷудо шудам.
Азбаски шавҳарам дар хориҷа кору зиндагӣ мекунад, баъди тӯй маро ҳам бо худаш бурд. Хушдоманам намехост, ки ман ҳамроҳи шавҳарам равам, вале писараш якравӣ карда маро бо худ бурд. Гумон кардам, ки дар хориҷа мисли малика зиндагӣ мекунам, вале аз рӯзи аввали рафтанам рӯзи сиёҳам сар шуд. Аз субҳи содиқ то ними шаб хушдоманам бо мо телефонӣ дар тамос буду аз ҳама гапу корамон бохабар шуда меистод. Вай ҳатто ба чӣ пухтану чӣ хурдан, чанд бор ба мағоза рафтан, чи либосҳо харидани ман кордор буд.
Талаб мекард, ки хӯроки пухтаамро дар телефонам сабт намуда, ба ӯ равон намоям. Баъди тамошояш ҳазор нуқси хӯрокамро ёфта, доду вой мебардошт, ки ман хӯрок пухта наметавонам.
Бояд қайд намоям, ки хушдоманам зани намозхону тақводор асту хеле хуб медонад, ки ба зиндагии заношавҳарии фарзанд дахолат кардан комилан кори нодуруст ва хилофи фармудаҳои шариати ислом аст. Хулоса, ман ҷонбезор шуда, аз хориҷа рост ба хонаи волидонам омадаму бо ҳамин шавҳарам талоқи маро дод.
Ба модароне, ки як писар доранду баъди зан додани писарашон рӯзи келинро сиёҳ мекунанд, гуфтаниям:
-Холаҳои азиз, агар писаратонро ба занаш рашк мекарда бошед, барои чӣ ӯро оиладор мекунед?!
Фарзона, сокини ш. Душанбе