Ривоят мекунанд, ки худованд дар биҳишт тахтеро гузоштааст, ки махсус барои келину хушдомани бо ҳамдигар меҳрубон пешбинӣ шудааст, вале аз байн ҳазорон сол гузашта бошад ҳам, то ба ҳол он тахт холист, зеро то кунун модаршӯй ва арӯсе пайдо нашудаанд, ки зери яке бом аҳлона зиндагӣ карда тавонанд.
Хушдоманро модару келинро духтар мегӯянд, аст, вале ҳамин, ки маросими тӯй ба охир расида, зиндагӣ дар зери як бом сар шуд, ин “модару духтар” ба мисли сагу гурба душмани ҷони ҳамдигар гашта, сояи якдигарро аз девор метарошидагӣ мешаванд.
Чаро ду зане, ки тавассути як мард робитаи хонаводагӣ пайдо карда номи “модару духтар”-ро мегиранд, ин қадар ба якдигар бадбинӣ пайдо мекунанд, ки тобу тоқати дидани рӯйи ҳамдигарро надоранд?
Ба ин савол касе ҷавоби аниқ гуфта наметавонад, аммо баъзан муносибати бади келину хушдоман боиси зарар дидани кӯдакони хурдсол мегардад. Ҳодисае, ки дар Амрико рӯй дод, далели равшани ин гуфтаҳост.
Як зани Амрикоб ба хотири аз келинаш интиқом гирифтан пйҳои набераи хурдсолашро дар оби ҷӯшидагӣ сӯзондааст. Бритни Смит аз шавҳари якумаш бо як кӯдак ҷудо шуда, баъди чанд вақт дубора шавҳар кард. Вай бо шавҳар ва фарзандаш дар хонаи хушдоманаш Ҷенифер зиндагӣ мекард. Ҷеннифер ба хоири пеш бурдани зиндагӣ духтарчааш Кайлейро ба ин зани солхӯрда гузошта, ба кор мерафт. Рӯзе ҳанӯз соати корӣ тамом нашуда, модаршӯяш ба ӯ занг зад ва талаб кард, ки зуд ба хона расида биёяд. Ҷеннифер ба ташвиш афтод ва осемасар ба сӯйи хона шитофт. Аз дар даромадан баробар ҳуш аз сари ин модари ҷавон парид, зеро пойҳои духтарчааш ба мисли гӯшти бирён суп-сурх шуда, варам карда буданд. Азбаски ҳоли кӯдак бисёр бад буд, ҷавонзан сабаби ба ин ҳл афтодани духтарчаашро ҳам напурсида, зуд Кайлейро ба бемористон бурд...
Дертар маълум шуд, ки хушдоманаш пойҳои кӯдакро қасдан дар оби ҷӯшидагӣ сӯзондааст.
Дар оғоз ин зани маккора “кӯдак худаш ба ванна даромада пойҳояшро дар оби ҷӯш сӯзондааст” гӯён, мехост кормандони пулисро гӯл занад, вале баъдан ба гуноҳаш иқрор шуда, чи тавр сӯзндани набераашро аз аввал то ба охир найл кард.
Сабаби бераҳмиашро ба кӯдаки хурдсол шарҳ дода, ин зани ҷаллод гуфтааст, ки модараш ҳар рӯз духтарчаро дарди сари ман карда, ба кор мерафт. Кӯдаки шӯх ба гапам гӯш надода, асабҳои маро хароб мекард, барои ҳамин ин корро кардам, то ки ҳам ба келинаш ва ҳам ба духтарчааш дарси ибрат шавад.