Имрӯз муносибати хушдоману келин ба як масъалаи бисёр муҳим ва доғи рӯз мубаддал гаштааст. Ба кадом хонае сар нахалонӣ, албатта келин аз хушдоман менолад ё хушдоман аз келин. Худи ман низ келин ҳастам, вале келини хушбахт.
Оламро бо сӯзан ҳам кобанд, хушдомани ман барин хушдоманро намеёбанд. Ман соли 2006 ба ин хонадон арӯс шуда омадам. Он вақт донишҷӯйи курси сеюм будам. Хушдоманам, ки духтар надоштанд, маро ҳамчун духтар қабул намуданд. Зиндагиамро нуҳ сол шуда бошад ҳам, ягон бор рашку ҳасуд ва бадбинии хушдоманамро эҳсос накардаам. Ҳеҷ гоҳ байни ману фарзандонашон фарқият намегузоштанд. Хонаи хушдоман мактаби ҳаёт аст, агар келинҳо аз имтиҳони устод, яъне хушдоман гузаранд, албатта зиндагиашон ширину гуворо мегузарад. Ман ҳам аз ҳамин мактаб сабақи ҳаёт андӯхтам. Ба кору бори хушдоманам аҳамият медодам, ки ба он кас чӣ писанд асту чӣ писанд нест. Кӯшиш мекардам, ки кори фармудаашонро ба табъи дилашон иҷро намоям. Ҳеҷ гоҳ аз гапи модаршӯям берун намебаромадам «Сари хаматро боло накун, сари хамро шамшер намебурад. Ҳар ҳафтаву ҳар моҳ ман ба хонаи модарам меравам нагӯй, ҳар гоҳ хусуру хушдоманат иҷозат доданд, ба меҳмонӣ ба хонаи мо биё, чунки хонаи ту акнун хонаи мо не, хонаи шавҳарат аст»,- таъкид карда буд рӯзи тӯй модарам ва ман аз рӯйи насиҳати волидонам амал мекардам. Мо дар як ҳавлӣ ду келин будем, хушдоманам мудом насиҳат мекарданд, ки сариштакор бошем. Модаршӯям як хислати хуб доранд, ҳеҷ гоҳ мо, келинҳоро дар назди хешу табор ё ҳамсояҳо ғайбат намекунанд. Боз як хислати хубашон ҳамин, ки агар ягон хатоямонро бинанд, дар рӯямон айбамонро гуфта, ислоҳашро талаб менамоянд. Аксари духтарҳое, ки дар давраи донишҷӯйӣ ба шавҳар мебароянд, аз сабаби душвории зиндагӣ донишгоҳро мепартоянд, вале бо шарофати хушдомани биҳиштиам ман тавонистам ду соли дигар хонда соҳиби диплом гардам.
Фарзандамро бибиаш нигоҳубин мекарду ман ба дарс мерафтам. Бо модаршӯям ҳафт сол дар як хона зиндагӣ кардам. Дар муддати ҳафт сол байни ману он кас боре ҳам гапи пасту баланд нагузаштааст. Аз ин зани биҳиштӣ на зулм дидаму на ситам, баръакс меҳру муҳаббаташонро бароям арзонӣ доштанд. Дар муддати ҳафт соли зиндагӣ соҳиби се писари дустрӯяк шудам. Вақте ки писари якумамро таваллуд кардам, сутунмуҳраам кам-кам сӯзиш мекард. Танҳо аз доруҳои таскинбахш истифода мебурдам, то дардро ҳис накунам. Фикр мекардам, ки имрӯзу пагоҳ шифо меёбам, вале ин тавр нашуд. Баъди таваллуди писари сеюмам аҳволам тамоман бад шуда, ҳатто писарчаамро бардошта наметавонистам. Шавҳарам маро ба беморхона бурданд. Духтурон ба ман ташхиси каҷшавии сутунмуҳраро гузошта, хестану гаштанро бароям манъ карданд. Мебоист ақаллан як сол дар ҷои сахт хоб кунам. Бовар кунед, беморхона ё духтуре намонд, ки маро набурда бошанд.
Бечора хушдоманам ба сад дар медавиданд, аз куҷое набошад адреси табибонро пайдо карда меоварданд. Ба ҷои модаршӯям зани дигар мебуд, писарашро маҷбур мекард, ки аз баҳри ман гузарад ё маро ба хонаи модарам бурда партояд, то табобат кунанд, вале хушдоманам баръакс ҷонашонро ба ҷонам монда , маро мисли кӯдак парасторӣ намуд. Нигоҳубини гову мол, рӯбичини хонаву дар, пухтупаз, парастории кӯдакон-писари сеюмам, ки нав 4-5 моҳа буд, ҳама дар дӯши модаршӯям буд. Рӯзҳое мешуд, ки маро қатори фарзандонам ба ҳаммом бурда сарамро мешустанд. Борҳо аз ман пинҳонӣ гиря карданҳояшонро дидам, ки аз Худованд шифои маро талаб мекарданд. Худамро бисёр ноҳинҷор ҳис мекардам. Фикр кардам, ки шояд ман як умр дардманд монам, бинобар ин аз шавҳарам хоҳиш намудам, ки хонаи алоҳида харанд, то дигар дарди сари аҳли оила нашавам.
Аввал хусуру хушдоманам розӣ нашуданд, ки мо аз онҳо ҷудо зиндагӣ кунем, вале баъд модаршӯям дарди маро фаҳмида ҳамаро сарҷамъ намуданд ва бо маслиҳат гову молҳоро фурӯхта, барои мо аз пойтахт хона хариданд. Ҳоло ду сол мешавад мо дар Душанбе зиндагӣ мекунем. Аз соати шаши субҳ хезам, то ҳашти шом базӯр ду ё се кори хонаро анҷом медиҳам. Шукри Худоро мекунам, ки дар болои сари фарзандонам зиндаам.
Шавҳарам ҷои кори хуб доранду зиндагиамонро таъмин мекунанд, аммо хусуру хушдоманам ба ин қаноат накарда, аз гӯгирду намак сар карда, то равғану ордро бароямон мефиристанд, то набераҳояшон аз чизе танқисӣ накашанд. Ҳар гоҳ ба қишлоқ равем, оши палови хушдоманҷонам тайёр аст, моро мисли меҳмон қабул мекунанду мисли меҳмон гусел менамоянд. Ҳамсояҳо ҳасад бурда мегӯянд, ки ин хел хушдомани меҳрубонро аз куҷо ёфтӣ, дар ҷавоб мегӯям: «Ба ман Худо додааст!» Мегӯянд, ки ҳеҷ гоҳ хушдоману келин модару духтар шуда наметавонанд, вале модаршӯям модари ҳақиқии ман шуда тавонистанд. Хушбахтам, ки ду модар дорам.
Аз ин минбари баланди «Оила» ба хушдоманам гуфтаниям:
-Ман хизмати шуморо ҳамчун келин ба ҷо оварда натавонистам, аммо аз Худованд илтиҷо мекунам, ки шуморо ҳеҷ гоҳ хор насозад, шодиҳои рӯзгорро ҳамсафаратон гардонад. Агар боре ба сӯятон бо чашми ало нигоҳ карда бошам, чашмонам кӯр шавад, агар сухани баде гуфта бошам, забонам бурида бод! Агар Худованд маро ба хушдоманӣ расонад, айнан мисли шумо мешавам. Ҳеҷ гоҳ ба келин зулм намекунам. Келинамро мисли фарзандам дӯст медорам. Бо шарофати шумо ман дарк намудам, ки хушдомани хуб барои келин ва келини хуб барои хушдоман чӣ қадар муҳиманд.
Дугонаҳои азиз, хушдоманатонро эҳтиёт кунед, чунки хушдоман сутуни хонадон аст!
Холиқова Моҳнисо, ш. Душанбе