Arzon march 2024
Хуршед 7-бор хостгор фиристода ба худ аҷал харид
5149


Сомонаи Oila.tj чанд рӯз қабл хабареро таҳти унвони “Панҷ: Нур ошиқи духтарашро говкуш кард” нашр намуда буд.

Маводи мазкур дар байни истифодабарандагони интернет баҳсу мунозираҳои зиёдеро ба миён овард. Дар хабар гуфта мешуд, ки дар ноҳияи Панҷ фоҷиаи хунин рӯй дода, Нур Нуров ном марди 41-сола ошиқи духтарашро говкуш карда, гарданашро буридааст. Пас аз нашри ин мавод Парвиз ном ҳамдеҳаи ин мард бо мухбири сомонаи Оила.ТҶ Рустам Азимӣ дар тамос шуда, тафлисоти ин ҳодисаи даҳшатангезро муфассал нақл кард.

Аз гуфтаҳои Парвиз чунин бармеояд,ки Нур Нуров на падар, балки амаки духтар будааст. Хуршеди 20-сола ба духтари ҳамсояашон ошиқи зор гашта бошад ҳам, байни ҷавонон ба ҷуз муносибати ҳамсоягӣ дигар ягон муносибатидигар вуҷуд надоштааст. Онҳо робитаи ошиқона надоштанд ва боре ҳам дар танҳоӣ мулоқот кардаанд.Хуршед ғоибона духтари ҳамсояро дӯст дошта, ба хонаашон хостгор мефиристад, аммо тарафи арӯс хостгориро рад мекунанд. Ин ҷавони ошиқи шайдо ба тақдир тан надода, ҳафт маротиба гаштаву баргашта падару модарашро ба хонаи ҳамсоя бахостгорӣ мефиристад. Хирагии ҷавон боиси хашму ғазаби пайвандони духтар гашта, як шом Хуршеди ошиқро ба хонаашон даъват менамоянд. Бо гумони он ки ниҳоят ҷониби духтар ба ишқу садоқати ӯ боварӣ ҳосил намуда, ба издивоҷашон розигӣ медиҳанд, ҷавон шиму костюми нав пӯшидаву худро мисли шаҳбача ороста ба хонаи ҳамсоя меравад,аммо...

Баробари аз дар даромадани Хуршед амаки хурдии арӯсшаванда “Сағераи касофат, ту магар гапро намефаҳмӣ?! Чанд бор не гуфтем, боз барои чӣ падару модаратро равон мекунӣ? Ҳафт бор хостгор фиристода ту обрӯи моро дар деҳа резондӣ. Дигар аз рӯйи ту ба ин духтар касе талабгор намешавад...” гӯён, ба ҷавон дарафтода, бо корди говкушӣ бамаки гарданаш мезанад. Хуршеди ноком дар як лаҳза дар хуни худ ғарқ гашта, дар ҷойи ҳодиса ҷони ҷавонашро ба ҷонофарин супурдааст.


ПАНҶ: НУР ОШИҚИ ДУХТАРАШРО ГОВКУШ КАРД

 


Ҷанозаи Хуршеди шаҳид дар зодгоҳаш, ҷамоати деҳоти Озодагони ноҳияи Панҷбаргузор гашта, ҷисми беҷони ин ҷавони ормониро бо нолаҳои зор ба хок супурданд.

Нур Нурови 41 сола,ки пештар корманди ОМОН-иРусия буда, чанд сол қабл барои авбошию бадахлоқӣ аз кор ронда шуда буд, айни замон бо гумони даст доштан дар куштори Хуршед Ғолибови 20-сола ба ҳабс гирифта шудааст. Тафтишоти ҷузъиётҳои дигари ин ҳодисаи гӯшношунид аз ҷониби кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ идома дорад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД