sebiston july new
Хурсандмурод Зарипов: Дар сари деги ош суруд хондан кайфияти аҷибе дорад
21.02.2024
Рустам
1994

Хурсандмурод Зарипов бо сурудҳои пурмаънояш дар дилу дидаи мардум маъво гирифтааст, вале имрӯз мо дар бораи маҳорати ошпазии ин марди ҳунар сӯҳбат карданием.

-Акои Хурсандмурод шунидем, ки ошпази зӯр ҳастед, барои ҳамин шуморо даъват намудем, то асрори ошпазиатонро ба хонандагони мо кушоед.

-Ба дараҷаи ошпазҳои тарабхона набошад ҳам, ба ҳар ҳол ош пухта метавонам ва то имрӯз ягон кас ба хӯроки пухтаам айб намондааст.

-Медонем, ки дар ҷодаи ҳунар устодатон Ҷӯрабеки Мурод аст. Дастатонро дар ошпазӣ кӣ рост кард?

-Кӣ ҳам мешуд, албатта раҳматии модарам.

-Шумо марди эҷодкор ҳастед, дегу кафлез хастаатон намекунад?

-Не, хаста намешавам, баръакс вақти ошпазӣ илҳоми сурудхониам меояд ва дар ошхона дар сари дегу табақ ҷумбуҷӯл карда, зари лаб ягон таронаро замзама мекунам. Бовар кунед, дар сари дег суруд хондан ба кас кайфияти аҷиб мебахшад.

-Мардуми Зарафшон хӯрокҳои маҳалии бисёр аҷиб доранд, аз таомҳои зарафшонӣ кадомашро меписандед?

-Омочро дӯст медорам. Ҳар гоҳ ба аёдати наздиконам равам, ҳатман хоҳиш мекунам, ки омоч пазанд.

-Аксари сарояндагон мегӯянд, ки ошпазиро дар давраи донишҷӯияшон ёд гирифтаанд...?

-Э ман дар давраи донишҷӯӣ шеф-повар будам. Аз давраи мактабхонӣ, ки нозукиҳои ҳунари ошпазиро омӯхта будам, замони донишҷӯӣ азоб накашидам. Тамоми хӯрокҳоро пухта метавонистам.

-Хӯроки дӯстдоштаи аҳли оилаатон чист?

-Оши палов, лағмон, мурғбирён ва қурутоб.

-Мусобиқа карда хӯрок пазед, кӣ ғолиб мебарояд: Шумо ё янга?

-Албатта янгаатон!

-Чаро зуд мағлубиятро ба гардан гирифтед?

-Кори янгаатон ҳар рӯз ошпазӣ аст, албатта ғолиб мебарояд-дия!

-Дар охир барои хонандагони мо сирри ягон хӯрокатонро мекушоед?

-Албатта! Тарзи тайёр кардани қурутоби тоҷикиро мефаҳмонам, ҳам хароҷоташ каму ҳам дар рӯзҳои сард ин хӯрок айни муддаост.

Дар табақи чӯбӣ қурутро бо об лат мезанем, баъди об шуданаш ба он фатири қад-қадро реза карда меандозем. Пиёзро дар равған зирбонда ба болои фатир тунук мерезем, баъд хӯриши сабзавотиро ба болояш рехта, нӯши ҷон мекунем. Иштиҳои том!

Суҳбаторо: Рустам

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД