Хурдтарин гови ҷаҳон
09.11.2025
Oila.tj
126

Дар яке аз деҳаҳои наздики шаҳри Дакка гови кӯчак бо номи Рани соҳиби рекорди ҷаҳонӣ гардид.

Соҳибаш Кози Суфиён ду сол интизор шуд, то гов калон шавад, вале Рани ҳамоно ҳамагӣ 20 сантиметр баландӣ дорад. Пас аз ин, ӯ ба намояндагони Китоби рекордҳои Гиннес муроҷиат кард.

Пештар хӯрдтарин гов дар ҷаҳон Маникям аз Ҳиндустон ба ҳисоб мерафт, ки баландии ӯ 61 сантиметр буд. Рани ин нишондиҳандаро се маротиба шикаст. Рани, бо вуҷуди андозаи хурдаш, солим ва пурэнергия аст. Барои он ки ӯро дар саҳро гум накунанд, соҳибаш ба гарданаш зангӯла бастааст.

Олими байторӣ шарҳ дод, ки сабаби хурд будани гов - зоти кӯчак ва хосияти ирсӣ мебошад, ки аз издивоҷи хешутаборӣ ба вуҷуд омадааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД