- Бо ин гуна фикрҳои бемаънӣ худатро азоб надеҳ. - Ором кардани шуда мегуфт Дагар. Аммо, Маҳина наметавонист лаҳзае ором бошад. Доимо рӯ ба қибла карда аз Офаридгор талаб мекард, ки барояш фарзанд ато намояд.
Инак, аз тӯйи онҳо ҳам чор сол сипарӣ гашт. Вале, ҳанӯз ягон натиҷае ҳосил нашуд. Диловар чанд маротиба рафтори ноҷойи Санавбарро дида бошад ҳам ба завҷааш чизе нагуфт. Чун вақте Санавбар бефарзандии Маҳинаро ба рӯяш гуфта таъна кард Диловар натавонист хомӯш истад.
- Ин қадар янгаамро озор медиҳӣ!? Чанд маротиба дидам гапҳое гуфти кӣ дили касро сӯрох мекунад. Шарт аст, бефарзандияшро ба рӯяш занӣ!?
- Ман чӣ кор кардам. Айби ман чӣ!? Бефарзанду бедаступанҷа бошад гуноҳи ман аст?
- Бас даматро гир. Дигар чунин муомилаатро ман набинам.
- Набошад акаатон ҳамсари нав гирад.
- Онҳо ду ҷуфти муносибанд. Бо изни Ҳақ албатта кӯдакдор мешаванд. Агар соҳиби фарзанд нашаванд ту таваллуд карда медиҳи. - Қотеъона гуфт Диловар.
- Не. Ман девона нашудаам, ки ҷонамро канда ба дасти нокасу ноӯҳдабаро диҳам, - асабонӣ шуда гуфт Санавбар.
- То онҳо фарзандор нашаванд ту ҳам таваллуд намекунӣ.
- Шумо умри маро мехӯред. Агар монеи таваллуд кардани ман шавед, як лаҳза ҳам дар хона намеистам, - таҳдид кард келинчак.
Заҳрзабонии Санавбарро ҳеҷ касе ҷуз Маҳинаву Диловар он қадар намефаҳмид. Дар назди ҳама Маҳинаро паст занад касе парво намекард. Дар назди мардум аз хатоҳои авсунаш гуфта ӯро ба замин мезад. Рӯзе ду авсунҳо вақте танҳо монданд Санавбар ба Маҳина теғ кашида гуфт:
- Чор сол мешавад, ки ягон духтури нарафтаатон намонд. Барои фарзанддор шудан Ягон умед ҳаст.
- Сабр кунед вақту соаташ расад кӯдакдор мешавед - мегӯянд. - Аз ин суоли Санавбар ҳайрон шуда ҷавоб дод Маҳина.
- Пас ҳаракат кунед, Диловар ба акаам кӯдак таваллуд карда медиҳи гуфта маро дар ҳолу ҷонам намегузорад. - Суханҳои Санавбар, Маҳинаро як такон доду аз чашмони келинчак ашк ҳалқа зад. Аз назди Санавбар осемасар баромада ҳунггосзанон гирист. Гиряи дилреши Маҳина пинаки Санавбарро вайрон накард. Ӯ тамасхуромез аз қафои Маҳина нигаристу боз аз пайи кори худ шуд. Камтар вақт гузашт, Маҳина хост акнун ба хонааш равад. Санавбар рафтани авсунашро дида ба "ҳамла"-и навбатӣ гузашт.
- Шинед. Боз меҳрубонҳоятон Шуморо пеш кард гуфта фикр накунанд.
- Ин чӣ гапи гуфтаатон!?
- Хайр рост мегӯям. Умри бечораи Дагарро ҳайф кунед ҳам, ҳама аз паятон-ку!
- Ин гапҳоро Дагар гуфт?
-Не. Ман суханҳое, ки хушдоманҷону шавҳаракатон дар дил доранд гуфтам халос. Ҳа,медонед, ки Шумо таври лаънатед!? Ба фикри ман волидайнашон гуноҳи бузурге кардаанд, ки Шумо ба ин бало гирифторед. -Тамасхуромез гуфт Санавбар.
- Бас. Аз ҳад нагузар. Як бори дигар аз бефарзандиям гӯйи як - як тори мӯятро меканам фаҳмидӣ!? - дод зад Маҳина. Барои он ки гиря накунад зуд аз наздаш баромада рафт. Чунин рафтори Санавбар Маҳинаро сахт азият дод. Ба хонааш рафта назди модараш омаду гуфт:
- Ман дигар бо онҳо зиндагӣ карда наметавонам.
-Барои чӣ? Байнатон нофаҳмӣ шуд!?
- Не.
-Пас чаро ҷудо мешавам мегуйи?
- Санавбар ҳар дафъа ки бинад, бефарзандиямро гуфта маро таъна мекунад. - Маҳина ҳар он чизе, ки байни авсунаш гузашта буд, ба модараш гуфт. Модараш аз ин ҳолати духтараш маҳзун шуда, ҳар гапе ки буд Сабоҳатхола нарезондаву начакконда хабар кашид. Сабоҳатхола, ки бе ин ҳам аз зери нохуни Санавбар чирк кофта мегашт фурсати муносибро ёфта ба келини хурдӣ гуфт:
-Дар ин ҷо ман хушдоман ҳастам. Ва ҳоло намурдаам. Барои ҳамин қадаматро дониста мон. Дигар ба Маҳина дод гуфтану таъна карданатро набинам. - Санавбар сарашро хам карда истад ҳам ба гапҳои хушдоманаш аҳамият намедод. Ҳатто аз шунидани ин гапҳо ба рӯяш сурхӣ надавид.
ххххххххххххххх
- Маҳинаву Дагар ҳар бор ба умед сӯйи Худованд даст мебардоштанд, ки барояшон фарзанд ато намояд. Ниҳоят рӯзе аз рӯзҳо дуои онҳо мустаҷоб гардида Маҳина ҳомила шуд. Ин хушхабарро келинчак ба шавҳараш расонд. Дагар аз шунидани хабари хуш ба куртааш намеғунҷид, аммо...
(Давом дорад)
Абдуғаффор Шодиев