Маҳина баъди он сӯҳбат бо дугонааш чанд рӯз ба худ наомада, парешон мегашт ва ниҳоят косаи сабраш лабрез гашта, рӯзе аз шавҳараш пурсид:
-Дагар, росташро гӯед, агар таваллуд накунам, маро пеш карда, зани дигар мегиред?
-Ин гапбоз аз куҷо баромад?-асабиёна пурсид шавҳараш.
-Ҳама ҳамин хел мегӯянд, ки мард барои фарзанд зан мегирад ва зане, ки таваллуд накунад, ҳар тори мӯяш симу зар бошад ҳам, оқибат шавҳараш талоқашро дода аз хона пеш мекунад,-оҳи сард кашида гуфт Маҳина.
-Занак, худатро бо чунин фикрҳои бемаънӣ беҳуда азоб надеҳ, охир фарзандро худо медиҳад. Насиб бошад, ягон рӯз ману ту ҳам бачадор мешавем,-ҳамсарашро дилбардор кард Дагар.
-Медонам, ки ин гапҳоро танҳо ба хотири дилбардории ман мегӯед, вале дар асл кӣ медонад дар саратон чи фикр хаёлҳост. Шояд ким-кайҳо ягон зани дигарро ёфта...
-Маҳина, қаҳрамро набиёр, ки хафаат мекунам. Ман, агар зани дигар гирфтан хоҳам, ошкоро мегирам,-дагар инро гуфта бо ғазаб дарро зада баромада рафт.
Маҳина аз гуфта пушаймон шуда, худро рӯйи замин партофт ва инони гиряро сар дода, зор-зор ба гиристан даромад...
ххххххх
Сабоҳатхола ҳар рӯз бо чашми худ медид, ки чи тавр келини хурдиаш Санавбар келини калонӣ Маҳинаро бо ҳар баҳона еш зада, таъна мекунад ва озор медиҳад. Дили кампир ба ҳоли келинаш месӯхт, чунки Маҳина чандон чаққон ва ба духтари дасту панҷа набошад ҳам, одами хуб ва сарпасту дидадаро буд. Барои он ки келинҳояш дар зерияк бом зиста бо ҳам душман нашаванд, вай бо шавҳараш маслиҳат карда, зиндагии писари калониаш ҷудо кард.
Маҳина аз ғурбати авсунаш халос шуда, соҳиби хонаи алоҳида гашта бошад ҳам, дасту дилаш ба зиндагӣ ҳеҷ гарм намешуд. Ғами бефарзандӣ ин келинчаки берӯзиро дарун ба дарун хӯрда, шавқу ҳаваси зиндагиро дар қалбаш хомӯш карда буд ва асташ ба ягон кор пеш намерафт.
Рӯзе хушдоманаш Сабоҳатхола ба хонаи онҳо меҳмонӣ омад. Қасд кардагӣ барин, Маҳина, ки чанд моҳ боз бехобӣ мекашид, ҳамон саҳар субҳдам хобаш бурда монду хеле дер бедор шуд. Вай нав дасту рӯяшро шуста сари наҳорӣ нишаста буд, ки садои занги дар баланд шуд. Хушдоманашро дар пушти дар дида, келинчак каме дасту по хӯрд ва “хуш омадед очаҷон” гӯён, меҳморо ба хона даъват кард.
Хонаи норуфтаю бетартибро дида, табъи Сабоҳатхола вайрон шуд ва Маҳинаро хеле сарзаниш карда гуфт:
-Келинҳо 10-15 сол хизмати хусуру хушдоманро карда, соҳиби хонаи алоҳида намешаванд, вале як сол нашуда мо шуморо ҷудо кардем, ки табъи дили худатон зиндагӣ кунед. Магар одам хонаю дарашро ҳамин хел бетартиб нигоҳ медорад?! Як кас аз даратон дарояд, чи мегӯяд?! Наход келинчаки ҷавон аз ӯҳдаи руфтану тоза кардани як дуҳуҷрагӣ набарояд. Хайрият, ки ҳавлии калон ва гову мол надоред, вагарна хонаву даратон кирм мекард...
Дагар тарафи занашро гиирфта гуфт:
-Модарҷон, саломатии Маҳина чандон хуб нест, бар замми ин, чанд вақт боз бехобӣ мекашад...
-Эй бас кун! Янгаат Санавбарро бин, донишҷӯ аст, бар замми ин, ду кӯдаки дугоник дорад, вале ба ҳам кор вақт меёбад. Аслаш зани ту худаш як духтари беҳунар аст, аз ӯҳдаи ягон кор намебарояд.
-Модарҷон, охир худатон медонед, ки Маҳина духтари эркаю нозпарварди хонаашон буд...
-Хайр чӣ, ҳамаи мо дар хонаи падару модармон эркаю азиз будем. Ин ҷо хонаи очааш нест! Шавҳар, ки кард, бояд кору бори рӯзгорро ёд гирад. Беҳуда дар урфият нагуфтаанд, ки нони шӯ арра дорад,-сахт карда гуфт Сабоҳатхола.
Дагар аз ин суханони Сабоҳатхола ба ғазаб омада, бори аввал дар умраш ба сари модараш дод зад:
-Пеш аз тӯй ман сад бор ба шумо гуфтам, ки ин духтарак нав 18-сола шудааст ва ҳанӯз кӯдак аст, вале шумоён чи гуфтед?! Гирӣ ҳаминро мегирӣ, набошад ба дигараш ман розӣ не. Маҳина келини ёфтагии худатон аст, барои ҳамин акнун кору бори хонаро метавонад, наметавонад, ба ҳамааш сабр кунед! Ин қадар “занат беҳунар, занат аз ӯҳдаи ягон кор намебарояд” гуфта ба асаби ман нарасед, бе ин ҳам вақтҳои охир чунон асабҳоям хароб шудаанд, ки хдам меднаму худованд...
Дагар ҳақ буд, чуни дар вақташ худи Сабоҳатхолаю шавҳараш ӯро маҷбур карданд, ки бо Маҳина хонадор шавад. Дагар ҷавон бошад ҳам, чанд бор таъкид карда буд, ки Маҳина ҳанӯз кӯдак аст ва чи будани зиндагиро намедонад, вале онҳо ба хотири одамони хуб будани волидонаш ба Маҳина часпида, писарашонро маҷбур карданд, ки хоҳад-наход ҳамин духтарро ба занӣ мегирад.
Табъи Сабоҳатхола хира шуд ва ҳатто як пиёла чой нанӯшида баромада рафт...
Давом дорад