Шоира Зулкайнарова яке аз муштзандухтарони тоҷик буда, иштирокчии Чемпионати Ҷаҳон оида ба бокс мебошад.
Шоира пас аз иштирок дар Чемпионати ҷаҳон оид ба муштзанӣ дар Русия ба хулосае омад, ки ҳиҷоб бипӯшад. Пеш аз ин ӯ либосҳои аврупоӣ ба бар мекард ва ба қавли худаш “хулиганка” буд, аммо се соли охир дар сабқатҳо бо ҳиҷоб ширкат мекунад.
«Дар Чемпионати ҷаҳон, ки соли 2019 дар шаҳри Улан-Удэи Русия баргузор гашт, президенти байналхалқии AIBA иҷозат дод, ки духтарони мусалмон бо ҳиҷоб ба майдон бароянд. Ҳамон сол аксари духтарон, ки мусалмон буданд, бо ҳиҷоб ба майдони ҳарб баромаданд ва онҳо боис гаштанд, ки ман ҳам чунин либос ба бар намоям”-мегӯяд ин тоҷикдухтари паҳлавон.
Шоира фарзанди 10-уми хонавода мебошад. Яқин аст, ки ӯ эрка ба воя расида, ҳамаи хоҳишҳояш аз тарафи волидон ва бародаронаш сари вақт иҷро мешуданд.
Паҳлавондухтар даврони кӯдакиашро ба ёд оварда, қисса кардааст, ки ҳамеша бо акаҳояш гашту гузор менамуд ва кам-кам шӯхию “хулигани” мекард, баъдан дар мактаби деҳа низ бо варзиш машғул шуда, ба спорт сахт дил баст.
Аз рӯйи нақли худи палҳавондухтар, вақте Шоира якбора қадбаланд мешавад, бародаронаш тавсия медиҳанд, ки ба ягон намуди варзиш машғул шавад ва ҳамин тавр вай ба дунёи варзиш ворид мешавад.
Сабаби маҳз ба бокс рӯ овардани Шоира ҳодисаҳои нохуши дар ҳаёташ рухдода мебошанд. Аз нақли ин духтари мардонадил чунин бармеояд, ки дашному ҳақорат ва гаппартоии бачаҳои бекоргард ӯро сахт асабонӣ намуда, мисли нештар ба дилаш мерасид ва рӯзе худро дошта натавониста бо онҳо даст ба гиребон шудааст. Ҳамон рӯз Шоираву дугонааш чор писарро муштборон карданд, вале “синяк”-ҳои зиёде аз ин “вохӯрӣ” дар гирди чашмнонашон боқӣ монда буд. Ана ҳамин ҷанг боис гаштааст, ки Шоира ба бокси касбӣ рӯй оварад ва бо дастгирии хонавода ва мураббиёнаш дар роҳи интихобкардааш муваффақ шуд.
Шоира бо хушҳолӣ мегӯяд, ки имсол дар Чемпионати Осиё, ки дар шаҳри Дубай доир гашт, сазовори ҷойи сеюм гашта бо медали биринҷӣ қадрдонӣ шуд. Туҳфаи ғайринтизори дигаре, ки насибаш гашт, ин буд, ки дар зодгоҳаш ба номи ӯ майдончаи варзишӣ сохтанд.
Шоира пайваста дар талош асту ба сабқатҳо бомсъулиятона омодагӣ мегирад.
Соли 2019 дар мусобиқаи байналмиллалӣ дар Қирғизистон вай ду ҳарифашро мағлуб намуд, аммо касе боварӣ надошт, ки ҳарифи сеюмашро мағлуб карда метавонад. Шоира он мусобиқаро ба ёд оварда чунин қисса мекунад:
“Мураббии ҳамонвақтаам гуфт, ки “ту мағлуб мешавӣ”, чунки ҳарифам хеле муштзани моҳир буд. Ман дар ҷавобгуфтамам, ки виҷдони варзишиам намегузорад, ки таслим шавам. Мағлуб шавам ҳам ман ба ринг мебароям!”. Мураббиам исрор мекард, ки ба Ватан баргардем, аммо ман истодагарӣ кардам ва оқибат ғолиб омадам...”
Шоира ба духтароне, ки орзуи муштзан шудан доранд, тавсия додааст, ки аз мушт хӯрдану мағлуб шудан наҳаросанд. Мағлубият одамро такон медиҳад, то бештар машқ карда, барои расидан ба ғалаба талош намояд.
Шоира Зулқайнарова, дорои медалу ҷоизаҳо зиёди варзишӣ буда, чемпиони 8-каратаи Тоҷикистон оид ба бокс мебошад.