Sebiston new 2024 october
ХУДОЁРЗОДА: “БА НАФАҚА МЕРАВАМ”, IRS: “НЕ, КОР МЕКУНЕД”
28.12.2020
ОИЛА
1698

 

Собиқ вазири нақлиёти Тоҷикистон Худоёр Худоёрзода дар ширкати роҳсозии «Innovative Road Solutions» (IRS) вазифаи нав гирифт, – иттилоъ медиҳад сомонаи ширкат. Мутобиқи маълумоти сомона Худоёрзода муовини директор оид ба нигоҳдорӣ ва хизматрасонии роҳ таъйин шудааст.

Сомонаи “Оила” қаблан хабар дода буд, ки Худоёрзода субҳи 11 августи соли 2020, тахминан соати 5 – и субҳ дар хонаи истиқоматии худ бо истифода аз корди хоҷагӣ бо мақсади аз ҳаёт маҳрум сохтани хеш даст ба худкушӣ зад. Сабаби ин амалашро ӯ “муноқишаи оилавии бавуҷудомада” гуфта буд. Тибқи иттлои мақомот ҳамсари вазир - Қаландарова А., писараш Худоёров Некрӯз, духтараш Худоёрова Зайнура, келинаш Суфишоева Гулнисо ва дигар аъзои оилаи ӯ, ки дар хона ҳузур доштанд, аз воқеа хабардор шуда, ба ҷаноби Худоёрзода кӯмаки аввалиндараҷаи тиббӣ расониданд.

Ӯ пас аз табобати тақрибан якмоҳа аз беморхонаи "Истиқлол" рухсат дода шуд, фармони аз мансаб барканор шуданашро "бисёр хуб" қабул кард. Ӯ 31 августи соли 2020, тибқи фармони Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сабаби ба нафақа баромадан аз вазифаи Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шуд ва ба ҷои Азим Иброҳим таъин гардид.

"Хабари ба нафақа гусел карданамро бисёр хуб қабул кардам. Бисёр кор кардем, монда шудем, дигар вақти нафақа шуд. Ҳам синнам расида буд ва ҳам хоҳиши худам буд, ки ба нафақа гусел кунанд", - гуфт ӯ.

Филиали ШС «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкати байналмилалие мебошад, ки дар тамоми қаламрави Осиёи Марказӣ аз аввалинҳо шуда, бо истифода аз усулҳои инноватсионӣ, бо мақсади рушди устувор ва такмили инфрасохтори роҳ ва бо такя ба ҳайати кормандони соҳибтахассусу пуртаҷрибаи худ механизми толлингиро ҷорӣ намуд. Ширкат нигоҳдории шоҳроҳи Душанбе — Чаноқро ба уҳда дорад.

Яке аз муҳимтарин ҳадафҳои ширкати «Инновейтив Роуд Солюшнз» дар Тоҷикистон- ин расонидани кумак ба халқ ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дастрас гардонидани ҳаракати доимӣ ва бехатар дар тӯли сол дар роҳҳои мамлакат, рушди инфрасохтори роҳҳҳо, мусоидат дар ҷалби сармоя ва баланд бардоштани сатҳи гардиши мол дар дохили кишвар ва бо кишварҳои хориҷӣ мебошад.

Гузашта аз ин, бо таваҷҷўҳ ба ҳолати ҷуғрофии мавҷуда ва вижагиҳои робитаҳои байнидавлатӣ дар кишваре, ки қисми асосии онро кўҳҳои баланд иҳота кардаанд ва дорои хати ҳаракати мушкилгузару дастрасии маҳдуд ба воситаҳои дигари интиқол, механизми мазкур саривақтӣ ва ниҳоят муҳим мебошад. Механизми ҷорикардаи ин ширкат барои беҳтар шудани инфрасохтори роҳи автомобилгарди кишвар ва боло бурдани сатҳи зиндагии аҳолӣ мусоидат менамояд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД