Sebiston new 2024 october
ХУДКУШИИ МАРД: ӮРО ЧӢ БА ҲАЛҚАИ ДОР МЕБАРАД?
3820

 

Тамоми динҳои олам, аз ҷумла дини мубини ислом низ худкуширо маҳкум менамояд. Тибқи ақидаҳои динӣ, ҷон дар бадани инсон амонати худованд аст, аз ҳамин хотир даст ба худкушӣ задан амали нораво буда, ҳамчун як навъ хиёнат ба амонати офаридгор маҳсуб меёбад, аммо новобаста ба ҳама таъкидҳо ҳатто дар замони муосир низ баъзан одамон бо дасти худ риштаи ҷонашонро канда месозанд.

Маъмулан занон ва кӯдакони ноболиғ даст ба худкушӣ мезананд, вале дар байни касоне, ки ба ин амали мамнӯъ даст задаанд, сафи мардон низ зиёд шудааст.

Фарзандкушӣ-ваҳшоният ё қасос аз шавҳар?

Занон бештар бар асари хушунату зӯроварӣ, моҷароҳои пай дар пайи оилавӣ, носозгорӣ бо хусуру хушдоман, додаршӯю хоҳаршӯй ва дигар аъзоёни хонавода, ҳамчунин мушту лагади шавҳар ва рашку нобоварӣ худкушӣ менамоянд. Солҳои охир дар ҷомеаи мо як падидаи дигари нангин ва даҳшатовар роиҷ гашта истодааст ва иддае аз занони ба қавле “аз зиндагӣ безоршуда” аввал фарзандони хурдсолашонро ба қатл расонида, баъдан худкушӣ мекунанд. Фарзандкушӣ албатта ваҳшонияти бузургест, ки назирашро халқи тоҷик ҳатто дар давраҳои мушкилтарини таъхири худ ба монанди ҷанг ва қаҳтию гуруснагӣ ёд надошт, вале ин мавзӯъ таҳлили алоҳидаро тақозо дорад. Айни замон мо танҳо дар бораи омилҳои худкушӣ ҳарф мезанем.

Тавре ки дар ибтидо гуфтем, дар байни афроде, ки даст ба худкушӣ мезананд, ноболиғон ва мардон низ ҳастанд. Худкушии ноболиғонро бештар ба ишқи бебарор, нофаҳмиҳо дар муҳити оила ва ё мактаб рабт медиҳанд, вале чаро мардони баркамол, ки ақли расо доранд ва масъулияти таъмину тарбияи оила бар дӯшашон бор аст, ба ҷойи дигаронро насиҳат кардан даст ба худкушӣ мезананд?

Муаллим қасди худкушӣ кард?!

Муаллим-шахсест, ки мисли чароғ роҳи кӯдакону наврасонро равшан месозад. Рисолати омӯзгор танҳо бо омӯзонидани “АБВГД ва 2+2=4”ба бачаҳо”анҷом намеёбад, муаллим бояд дигаронро ба роҳи рост ҳидоят намояд, вале баъзан омӯзгорон даст ба амалҳое мезананд, ки касро ба ҳайрат меорад. Масалан, Сафар Ҷалилов, омӯзгори тарбияи ҷисмонии мактаби №7-и шаҳри Кӯлоб бо мақсади худкушӣ сирко нӯшидааст. Сабаби даст ба ин амал задани худро омӯзгор дар сӯҳбат бо “Радиои Озодӣ” фишор аз ҷониби маъмурияти мактаб маънидод намудааст. Сафар Ҷалилови 31-сола мегӯяд, ҳамааш аз он сар шуд, ки ӯ бемории зарпарвинро аз сар гузаронида, ба кор баргашт. Ба қавли омӯзгор ба бемориаш нигоҳ накарда, масъулон аз ӯ хостаанд ҳамроҳи шогирдон давутоз кунад.

"Ба онҳо вазъиятро фаҳмондам, вале нафаҳмиданд. Мегуфтанд, рухсатии беморӣ гирифта равед ва фишор меоварданд. Аз дасти роҳбарият ба ҳамин кор даст задам” гуфтааст Сафар Ҷалилов дар сӯҳбат бо хабарнигорон.

Хушбахтона, табибон тавонистанд ҷони муаллимро аз панҷаи марг наҷот бахшанд, вале...

Саволи бе ҷавоб

Саволи рӯз он аст, ки чаро баъзе мардон, ки ҷинси зариф ва табиатан пурқувват ба шумор мераванд, дар муқобили мушкилоти зиндагӣ истодагарӣ карда натавониста, даст ба худкушӣ мезананд?

Кадом омилҳо мардонро маҷбур месозанд, ки даст ба ин амали бизананд?

Қабл аз он ки ба ин савоҳо ҷавоб биҷӯем, як ҳодисаи дигари худкушии мардро ба ёд меорем.

Худкушӣ барои ҷарима

Санаи 12-апрел дар Конибодом як марди 51-сола бо исми Норматҷон Исоев дар оғилхонаи манзилаш худро ба дор овехт. Пайвандонаш худкушии ин марди баркамолро ба ҷаримбандӣ шуданаш аз ҷониби нозирони ҳифзи муҳити зист рабт додаанд. Ҳамсари Исоев дар сӯҳбат бо журналистон гуфтааст, ки шавҳарашро барои чаррондани мол дар маконе, ки моҳидорӣ манъ аст, ҷарима карданд ва бо ҳамин сабаб ӯ худро ба дор овехт, вале мақомот ин фарзияро рад мекунанд.

Чаро мардон худкушӣ мекунанд?

Меоем сари саволи асосӣ, ки чаро мардон даст ба худкушӣ мезананд? Агар ба ин масъала аз умқи ҳаводиси солҳои охир нигарем, худкушии мардон чанд сабаб дорад.

1. Сабаби аввал ин мушкилоти иқтисодӣ мебошад. Аз касе пӯшида нест, ки зиндагӣ сол то сол душвортар мешавад. Бекорӣ, набудани манбаъ ё сарчашмаи даромади доимӣ ва садҳо мушкилоти дигари иқтисодӣ мардонро водор месозад, ки барои аз гирдоб баромадан аз бонк ё аз шахсони алоҳида маблағи калон қарз бигиранд, вале тиҷораташон барор намегирад ё ба доми фиреб афтода, муфлис мешаванд. Душворӣ кашидан дар баргардонидани маблағи калон, ҷангу ҷанҷолҳои пай дар пай ва асабонияту афсурдагии рӯҳӣ иродаи қавии мардро шикаста, ӯро то ҳалқаи дор мебарад ва маҷбур месозад, ки худкушӣ кунад, то аз ин ҳама моҷаро халос шавад.

2. Омили дигаре, ки гоҳо боиси даст ба худкушӣ задани мардон мегардад, фишори рӯҳӣ мебошад. Вақте ки инсон аз ҷониби ин ё он гурӯҳ ва ё шахси алоҳида таҳти фишор қарор мегирад, иродааш мешиканад. Фишори рӯҳӣ таъсири сахти равонӣ дошта, метавонад касро то ба худкушӣ бурда расонад.

3. Сабаби сеюми даст ба худкушӣ задани мардон бевафоӣ ва хиёнат буда, ҷанбаи номусӣ дорад. Барои мардони мусалмон (аз ҷумла мардони тоҷик низ) оила ва зану фарзанд марзи номус ва шарафи мардонагӣ ба шумор мераванд. Аз ҳамин сабаб вақте зан ё духтараш бадахлоқӣ мекунад ё даст ба ягон амали дигари нораво мезанад, мард тоби бардоштани шармандагӣ ва бори гарони номусро накарда, қасди худкушӣ мекунад.

Албатта худкушӣ роҳи ҳалли масъала нест, вале вақте ишқварзии занаш бо марди бегона фош мегардад ё номуси духтар ё хоҳараш доғдор ва бадном мешавад, мард инро ҳамчун убури марзи номуси худ қабул карда, худро таҳқиршуда эҳсос менамояд ва даст ба худкушӣ мезанад, то мавриди муҳокима ва мазоқу масхараи ҳар касу нокас қарор нагирад.  

Барои ҳар се сабабе, ки дар боло номбар кардем,мисолҳои мушаххас ҳастанд, аммо овардани онҳо ва такрори онро дар ин ҷо бори дигар раво намебинем, танҳо мехоҳем ақидаи аҳли ҷомеаро дар боби сабабҳои худкушии мардон ва роҳҳоии пешгирии ин падидаи номатлуб бидонем. Шумо дар боби худкушии мардон чӣ андеша доред ва сабаби қасди худкушӣ намудани намояндагони ҷинси зарифро дар чӣ мебинед? Назари худро албатта нависед!

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД