Зиндагӣ чунон душвор шудааст, ки баъзан сабру тоқат кифоя намекунад. Дар аксари ҳолат ҷабру ситами ҳаёти бевафо модарони дар чорроҳаи зиндагӣ дармондаро аз пой меафтонад.
Вой бар ҳоли модари бечораи тоҷик, ки баъзан ягона роҳи раҳоӣ аз ҷабру ситами зиндагиро дар худкушӣ мебинад. Аз ҳама аламовараш ин, ки пеш аз худкушӣ он модари зор аз фарзандонаш дил кандан наметавонад. Ҷигарбандҳояшро дар дӯзах мондан нахоста, онҳороҳамроҳ бо худаш дар гирдоб ғарқ мекунад. Вале...
Мутаассифона, ин модарон намедонанд, ки поёни ҳар шаби сиёҳ сафед аст. Шояд гӯед, ки ҳолати он модарро аз куҷо медонӣ? Ба даҳон гуфтан осон аст, ки бояд ин тавру он тавр мекард...ва амсоли ин. Оре, рост мегӯед, шиками сер кай донад ғами гуруснаро!?
Аммо модаронеро мешиносам, ки ба хотири ҳаёти фарзандон ба тамоми пастиҳою шикастҳо тоб оварда, қасди ҷони фарзанд накардаанд ва ба онҳо ояндаи дурахшонро фароҳам овардаанд. Бояд ҳамагон донанд, ки худкушӣ аз нигоҳи дини Ислом гуноҳи нобахшиданӣ аст.
Худкушии модари тоҷик бо се фарзандаш дар дарё сабаби ҳарф задан дар ин мавзӯъ гардид. Қобили ёдоварист, ки як модари 30-солаи тоҷик бо се кӯдаки дустрӯяку ормонӣ худро ба дарёи пурталотуми Сурхоб андохтааст. Ин фоҷиаи рӯзи 16-уми август дар вақти нисфирӯзӣ рух додааст. Макони фоҷиа аз ҷониби кормандони КҲФ ҷамоати Ғарми ноҳияи Рашт гуфта шудааст.
Наҷотдиҳандагону ғаввосони бахши Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар минтақаи Рашт шаш километр поинтар аз ҷойи ҳодиса дар қаламрави деҳаи Навдонаки ҷамоати деҳоти Қалъаи Сурх ҷасади духтарчаи 3-соларо пайдо карданд.
Локин аз ҷасади он модари ҷавон бо ду фарзандаш-писари нуҳ сола ва духтарчаи шаш солааш ҳанӯз дараке нест.
Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ сабабҳои ин ҳодисаро таҳқиқ мекунанд, шарҳ медиҳад манобеъ.