arzon replenishment
Хуҷанд: Куштори бераҳмонаи кӯдаки 3 сола аз ҷониби падар
2547

Марди 44 сола сокини шаҳри Хуҷандро бо гумони содир кардани ҷинояти ниҳоят вазнин дастгир намуданд.


Ин мард 11 майи соли ҷорӣ дар хонаи истиқоматиаш, ки дар шаҳри Хуҷанд воқеъ аст, нисбати фарзанди се солааш шубҳа ва нафрат пайдо мекунад, ки аз хуни ӯ нест. Ҳиси нафрат зиёд гашта, аввал ӯро лату куб намуда, бо дастонаш буғӣ карда ба ҳалокат мерасонад. Барои рӯйпуш кардани ҷиноят ҷасади беҷони тифлаки маъзумро рӯзи дигар дар заминҳои бекорхобидаи деҳаи Учбоғи ноҳияи Б.Ғафуров бурда мепартояду аз ҷои ҳодиса фирор мекунад.
Вобаста ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 104 қисми 2 Кодекси ҷинояти Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД