1xbet
“Хуҷанд” бо Рустам Хоҷаев хайрухуш кард
03.07.2025
Oila.tj
58

Дастаи футболи «Хуҷанд» тасмим гирифт, ки бо сармураббӣ Рустам Хоҷаев ҳамкориро қатъ намояд.

Зери раҳбарии Рустам Хоҷаев дастаи «Хуҷанд» се маротиба соҳиби медалҳои нуқраи чемпионати Тоҷикистон (солҳои 2017, 2021 ва 2024) гардида, як бор медали биринҷии Лигаи олиро (2022) ба даст оварда, инчунин ду маротиба Ҷоми Тоҷикистонро (солҳои 2017 ва 2021) соҳиб шудааст.

Бори аввал дар таърихи клуб, расидан ба марҳилаи плей-оффи Ҷоми КФО-2022 низ маҳз зери роҳбарии Рустам Хоҷаев сурат гирифта буд.

Меҳвар Сулаймонов, ки дар ҳайати мураббиён ба ҳайси мураббии дарвозабонҳо фаъолият мекард, низ дастаи «Хуҷанд»-ро тарк намуд.

ТВ “Варзиш” ёдовар шудааст, ки ҷойгузини Хоҷаев дар “Хуҷанд” Александр Крестин мегардад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД