Маҳсулоти лозима:
300 грамм гӯшти пухтаи гов, 2 сабзии пухта, 3 картошкаи пухта, 1 пиёзи миёна, панири мулоим (сырок), себи туршу ширинак, майонез, ду тухм.
Тарзи таҳия:
Гӯшту картошкаро хурд реза кунед. Пиёзро реза карда шӯед. Сабзӣ, панир ва себи пӯсткардаро аз турбтарош гузаронед. Хӯришро дар табақи ҳамвор дар шакли росткунҷа қабат ба қабат майонез молида, оро диҳед. Аввал картошка, сабзӣ, гӯшт, пиёз, панир, себ, сафедиҳои аз турбтарош гузаронидаро болои ҳам тунук кунеду баъдан зардиҳои тухмро ба қисмати болоии хӯриш тунук кунед. Аз сабзӣ рақами 1 бурида, дар рӯйи хӯриш гузореду бо барги шибит ва донаки анор оро диҳед.