arzon replenishment
Хӯриши “Тамуз”
1681

Маҳсулоти зарурӣ:

Шалғамчаи сурх – 2 дона;

Бодиринг – 3–4 дона;

Сирпиёз – 1–2 дандона;

Тухм – 4–5 дона;

Ҷурғот – 150 г;

Майонез – 200 г;

Равғани зайтун – 2–3 қошуқ;

Намак, мурч, кабудиҳо – мувофиқи табъ

Тархи таҳия:

Тухми обпазро ҳаҷман калон мебурем. Ду нӯги бодиринг ва шалғамчаҳоро бурида, бо болғаи гӯштқимакунӣ андаке мезанем, то булак шаванд. Шалғамчаҳоро калон-калон ва бодирингро ба андозаи миёна мебурем ва ҳардуро ҳамроҳ месозем.

Кабудиҳоро бо сирпиёз реза карда, намак ва ду қошуқ равған меандозем. Сипас, бо блендер майда мекунем ва андаке ҷурғот андохта, боз лат мезанем. Пасон ҷурғоти боқимондаро андохта, каме намаку мурч мекунем ва болои бодиринг ва шалғамча рехта, меомезем. Ба тухм майонез, мурч, намак ва равған илова карда, мекобем.

Рӯи лаълӣ аввал хӯриши бодирингӣ гузошта, болои он хӯриши тухмиро зам менамоем.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД