Маҳсулоти лозима:
2 дона – лаблабуи обҷӯшида
2 дона – картошкаи обҷӯшида
2 дона – сабзӣ обҷӯшида
2 дона – тухми обҷӯшида
2 дона – бодиринги очонидашуда
200 грам – синаи мурғ
200 грам - Майнез
Тарзи таҳия:
Дар зарфе дар қабати аввал картошкаро аз тарошак (тёрка) мегузаронем, майонез мемолем Дар қабати дуюм бодиринги очонидашударо чоркунҷа реза карда, майонез мемолем. Дар қабати сеюм синаи мурғро чоркунҷа реза карда, майонез мемолем. Дар қабати чорум сабзиро аз тарошак мегузаронем ва майонез мемолем. Дар қабати панҷум тухмро аз тарошак мегузаронему майонез мемолем. Дар қабати ниҳоӣ лаблабуро аз тарошак мегузаронем ва маёнез молида хӯришро ба таври дилхоҳ оро медиҳем.