Маҳсулоти лозима:
150 г замбурӯғ (шампиньоны), 2 тухм, 50 г панир, 1 сабзӣ, 50 г сметана, 1 дандона сирпиёз, намаку мурч, шибит.
Тарзи таҳия:
1. Замбӯруғро реза карда, дар тобаи хушк ва бе равған то пурра бухор шудани обаш ҷӯшонед. Тухмро обпаз кунед. Панир ва сабзиро аз турбтароши сӯрохиҳояш хурд гузаронед. Тухм ва шибитро маҳин реза кунед. Сирпиёзро майда кунед.
Тамоми маҳсулоти номбаршударо якҷоя карда, ба он намаку мурч ва сметана илова карда, 15 дақиқа нигоҳ дореду баъдан бо кабудӣ оро диҳед.