Маҳсулоти лозима:
650 грам- гӯшти гов обҷӯшида
1 дона – бодиринги тару тоза
2 дона - бодиринги очонишуда
3 дона - картошкаи бирён
100 грам - панир
5 дона - тухми обҷӯшида
0,5 сари пиёз сурх
майонез
намак.
Барои ороиш:
3 дона - баргҳои карами Пекин;
1. қоқҳои хушк;
1 зайтун;
Тарзи таҳия:
Дар аввал гушт, картошка, бодиринги тар ва бодиринги очонидашуда ва пиёзи сурхро майда реза карда, дар зарф мегирем. Баъдан зардии тухм, панирро аз тарошак мегузаронем ва ба он каме намак карда, майонез илова мекунем ва хуб омехта мекунем. Дар зарфи хӯришгирӣ хӯришро мегирем ва аз он шакли харгӯшро месозем. Аз болояш майонез мекунем ва сафедии тухмро мекунем. Аз зайтун чашму бинияшро байёр мекунем ва аз барги хӯриш гӯшҳояшро омода мекунем ва боқимонда барги хӯришро аз тагаш мемонем.