Маҳсулоти лозима:
300 грам – гӯшти гов
1 дона – картошкаи обҷушида
1 дона – сабзии обҷушида
2 дона - қаламфури булғорӣ
4 дона – тухми обҷушида
Майонез
Намак
Тарзи таҳия:
Дар зарфе гӯштро чоркунҷа реза карда дар шакли бобои барфӣ месозем ва майонез мекунем. Баъдан картошкаро аз тарошак мегузаронем аз болояш монда, майонез мекунем. Сабзиро аз тарошак мегузаронем ва майонез мекунем. Зардии тухмро аз тарошак мегузаронем ва онро аз болояш дар шакли руяш мемонем. Сафедии тухмро низ аз тарошак мегузаронем ва аз поёни зардиаш мемонем он риши бобои барфӣ мешавад. Қаланфури булғориро майда реза мекунем ва аз болояш мемонем он калапӯши бобои барфӣ мешавад. Як қисмашро барои бинияш мемонем ва аз зайтун чашмҳояшро месозем.