Маҳсулоти лозима:
100грам – гушти мурғ
2 дона – тухми обпазшуда
2 дона – картошкаи обпазшуда
1 п - панир
2 дона - укроб
Майонез
Тарзи таҳия:
Дар аввал ҳамаи маҳсулотҳоро дар об меҷушонем ва гушти мурғро чоркунҷа реза мекунем. Баъдан тухм, картошка ва панирро аз тарошак ( тёрка) мегузаронем ва ҳамаашонро дар зарфи хӯришгирӣ гирифта майонез карда хуб омехта мекунем. Баъдан хӯришро дар коғази пергамент гирифта, шакли арчаро месозем. Барои ороиш укробро реза карда аз болои хӯриш мемонем. Барои ороиши арча аз бургори ва панир истифода мебарем.