Бо фаро расидани фаслҳои баҳру тобистон майли кас ба хӯрдани меваю сабзавоти тару тоза ва хӯришҳои рангоранг меафзояд.
Органими инсон бо ҳамин роҳ ба витаминҳо ниёз доштанашро ифода мекунад. Имрӯз мо ба шумо тарзи тайёр кардани як намуд хӯриши арабиро ёд медиҳем, ки аз помидору бодирин ва дигар сабзавоти тару тоза омада шуда, натанҳо хуштамъ, балки барои саломатӣ низ бисёр муфид мебошад.
Маҳсулоти лозима:
1 дона боимҷон, 3 бодиринг, 2 помидор, 1 бандча кабутӣ, қаланфури тунд, равғани растанӣ, намак.
Тарзи таҳия:
Боимҷонро аз пӯсташ тоза карда, аз байн ду қисм кунеду реза карда, дар тобаи равғанаш тасфон сурх кунед. Боимҷони тайёрро ба даруни зарф андохта, ба он бодирингу помидор, пиёзи реза, намак, қаланфури тунди реза ва равғану кабудии резаро илова карда, омезиш диҳед.