Маҳсулоти лозима:
500 г гӯшти мурғ, 6 тухм, 70-80 г олуқоқ (чернослив), 2-3 дандона сирпиёз, майонез, равғани растанӣ
Тарзи таҳия:
Гӯшти мурғро баъди ҷӯшиданаш боз 40 дақиқа пазеду хунук кунонед. Тухмҳоро дар зарфе лат зада, намак пошед ва дар тобаи равғанин аз ин тухмҳо 6 чалпак пазеду ҳар кадомашро реза кунед. Олуқоқро шуста дар об тар ва баъдан реза кунед. Чормағзро хурд реза кунед. Чалпак, гӯшти мурғ, олуқоқ, чормағз, сирпиёзи куфтаро бо майонез, якҷоя намоед, хӯриш омода мешавад. Иштиҳои том.
Қандинаи фалладор
Маҳсулоти лозима:
1 кг фалла, 1,5 ст шакари кӯфта, 200 г равғани маска, 1 ст чормағзи кӯфта, 300 гр пичении кӯфта, 2 қошуқ какао, 50 г тарошаи какос.
Тарзи таҳия:
Фалларо бо шакари кӯфта ва равған лат зада, ба ду қисми баробар тақсим кунед. Ба як қисмаш какао андозеду қисми дигарашро боз ба ду қисм тақсим карда, ба яктояш чормағзу ба дигараш пиченӣ андохта аралаш кунед. Се намуди хамир –чормағздор, пиченидор ва какаодор омода шуд. Аз хамири чормағздор сақоча сохта, онро дар хамири пиченидор тоб диҳеду баъдан ба хамири какаодор ҷӯлонед. Акнун ҳар як сақочаро дар тарошаи кокос ҷулонида, тақрибан 3 соат дар яхдон нигоҳ доред.
Хӯриши мурғӣ
Маҳсулоти лозима:
1 гӯшти мурғ, 1 лаблабӯ, 100 г нахӯди сабз, 2 тухм, 2 картошка, майонез.
Тарзи таҳия:
Гӯшти мурғро пухта аз устухонаш ҷудо ва реза намоед. Картошка, тухм, лаблабӯро пухта чоркунҷа реза кунед. Дар зарфе гӯшти мурғ, лаблабӯи реза, картошкаи реза, нахӯд ва сафедиҳои резакардаи тухмро аралаш карда, майонез андозед ва баъдан бо зардиҳои тухм оро диҳед.
Ҳасиби ширинак
Маҳсулоти лозима:
800 г пичении ширин, 400 г ширқиём, 200 г равғани маска, 200 г чормағз,
200 г мармолод, 50 г какао.
Тарзи таҳия:
Мармалоду чормағзро хурд реза кунед. Пичениро кӯбеду ба даруни зарф андохта, ба он ширқиём, равғани мулоимшудаи маска, какао, чормағз, мармалод андохта омезиш диҳед. Хамирро ба се қисм ҷудо карда, ҳасибча созеду пичении кўфта пошед. Ҳасибчаҳоро дар салафан печонида 30 дақиқа нигоҳ дореду баъди гирифтан реза кунед.