Маҳсулоти лозима:
150 грамм лӯбиёи сурхи консерва, 120 грамм замбурӯғ, 120 грамм ҳасиб (ветчина), 120 грамм панири сахт, 1 дона сабзӣ, 1 дона пиёз, майонез, шибит.
Тарзи таҳия:
Пиёзро чоркунҷа реза карда, сабзиро аз турбтарошак гузаронед. Пиёзу сабзиро дар тоба сурх карда, ба даруни зарфи чуқур андозед. Ба он ҳасиби ба таври наргисӣ резашуда ва замбурӯғи очонидашударо илова кунед. Панири аз турбтарош гузаронидашуда, шибити реза ва майонез илова карда, хӯришро омехта созед.