Маҳсулоти лозима:
350 грам – гушти мурғ
1 дона – сабзии обҷӯшида
2 дона – тухми обҷӯшида
100 грам – панир
Барои ороиш:
1 дона – себи сабз
2 дона – киви
майонез
Тарзи таҳия:
Дар аввал ҳамаи маҳсулотро дар об меҷӯшонем. Гушти мурғро чоркунҷаи майда реза карда дар зарфи хӯришгирӣ мегирем ва майонез мекунем. Сабзии обҷӯшонидашударо аз тарошак мегузаронем ва майонез мекунем. Тухмро аз тарошак мегузаронем ва майонез мекунем. Панирро низ аз тарошак мегузаронем ва майонез мекунем. Себро низ аз тарошак мегузаронем ва майонез мекунем. Кивиро реза карда хӯришро оро медиҳем.