Arzon march 2024
Хӯриш бо чӯбҳои харчанг
2322

Хӯриш бо чӯбҳои харчанг як таомест, ки барои ҳама аз кӯдакӣ шинос аст.

Ин навъи хӯриш пас аз сезар ва оливие сеюмин маъмултарин хӯриш ба ҳисоб меравад. Раванди тайёр кардани ин хӯриш хеле осон аст ва вақти зиёдро намегирад.

Маҳсулоти лозима:

  • 100 грамм - биринҷ
  • 4 дона - тухм
  • 250 грамм - чӯбҳои харчанг
  • 250 грамм - консерваи ҷугоримакка
  • 2 дона - бодиринг
  • майонез «Слобода»
  • намак

Тарзи таҳия:

Барои тайёр кардани хӯришҳои болаззат ним пиёла биринҷро ба як дегчаи хурд резед. Дегро ба оташи паст гузоред.

Пас аз ҷӯшидани оби дег намак илова кунед то таъми он хубтар шавад. Биринҷ бояд аз ҳад зиёд пӯхта нашавад, зеро ҳангоми аз ҳад зиёд пӯхтанаш биринҷ часпанда мешавад. Биринҷро дар қабати аввал дар зарфи хӯришгирӣ гузоред.

Бодирингҳоро дар зери оби равон шӯед ва чоркунҷаи майда реза карда, ба хӯриш илова кунед. Чӯбҳои харчангро низ чоркунҷаи майда реза кунед ва сипас ба хӯриш илова кунед. Баъдан ҷуворимаккаро бодиққат кушоед, обашро ба як зарфи дигар рехта, онро ба хӯриш илова кунед.

Ба хӯриш намак пошед ва майонез илова карда, хуб омехта кунед. Хӯриш, ки омода шуд дар як зарфи хӯришгирӣ гирифта ба шаклҳои махсус пешкаш кардан мумкин аст. Инчунин, хӯришҳои тайёрро бо якчанд шохаҳои гиёҳҳои тару тоза оро додан мумкин аст.

Бо иштиҳо бошед!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД