Маҳсулоти лозима:
- 3 – 4 дона – боимҷон
2 дона – тухм
2 дона - картошка
3 дона – бодиринг
3 дона – помидор
3 – 4 донаи сирпиёз
укроб
Тарзи таҳия:
Дар аввал боиҷонҳоро пӯсташонро гирифта, реза карда дар зарф мегирем ва аз болояшон об рехта намак мекунем ва 15 дақиқа дар об меистад. Баъди дам гирифтанашон дар зарфи дигар 2 дона тухро шикастанамак мекунем ва боимҷонҳоро ба зарф мегирем ва омехта мекунем, аз болояшон 1 қошуқ орд илова мекунем, хуб омехта карда, дар тоба бирён мекунем.
Картошкаро низ реза карда, бирён мекунем. Бодиринг, помидор, булғорӣ ва укробро реза карда, дар зарфи хӯришгирӣ мегирем. Боимҷонҳо ки бирён шуданд онҳоро низ илова мекунем. Ба хӯриш мувофиқи табъи худ каме намак ва равғани растанӣ илова карда омехта мекунем.
Хӯриши мо тайёр!