Маҳсулоти лозима:
-2-3 линги мурғи пухташуда,
-3 тухми обпаз,
-2 бодиринги сабз,
-1 пиёзи хурд,
-1 қуттии замбӯруғи очонидашуда,
-100 г панир, майонез
Тарзи таҳия:
Гӯшти мурғ, бодиринг, пиёзро чоркунҷа реза кунед. Занбӯруғро реза карда, панирро аз турбтарошаки сӯрохиҳояш хурд гузаронед. Зардиҳои тухмро гирифта, сафедиҳояшро ба таври наргисӣ реза кунед.
Дар даруни зарфи хӯришгирӣ қабат ба қабат сафедиҳои тухм, гӯшти мурғ, пиёз, бодиринг, замбӯруғ, панирро гузошта мувофиқи табъ майонез молед. Ба болои хӯриш майонез рехта бо зардиҳои тухм оро диҳед.