Маҳсулоти лозима:
3-4 дона боимҷон, 4-6 дандона сирпиёз, 2-3 қошуқ соуси соя, 3 қошуқ равғани растанӣ ва кабудӣ.
Тарзи таҳия:
Боимҷонро шуста, начандон калон реза кунеду дар равғани тасфон аввал сирпиёзи реза ва баъдан боимҷонро андохта пазед. Ҳангоми пухтанаш ба боимҷон шакар ва соуси соя илова кунед. Боз 5 дақиқаи дигар бирён карда, сирпиёзи боқимондаро илова кунеду дар охир ба боимҷон кабудӣ пошед.