arzon replenishment
Хӯрдани гӯшти хом ба мусалмон ҳаром аст?
11.05.2025
Oila.tj
463

Ман ба тиҷорат машғулам ва бештар ба Қафқоз равуо дорам. Вақтҳои охир дар тарабхонаҳои ин кишвар таоме писанди ман омад, ки бастурма ном дорад ва ба назарам гӯшти хоми хушккардашуда бо ҳар навъ хушбӯйиҳо аст. Вале намедонам, ки хӯрдани гӯшти хом ба мусалмон ҷоиз аст ё не? Чун ҳоло дар тарабхонаҳои Аврупо таомҳои аз гӯшти хом пухташуда зиёд ҳастанд.

МАНУЧЕҲР, ш. Душанбе

Посухи домулло Хомӯшӣ:

- Баъзе аз донишмандон гуфтаанд, ки хӯрдани гӯшти хом макруҳ аст, вале саҳеҳтарин дидгоҳ ин аст, ки хӯрдани он мубоҳ аст, зеро асос дар чизҳо раво будани онҳо мебошад ва ягон далеле бар манъ будани он ворид нашудааст. Яъне мо далеле надорем, ки истеъмоли гушти хом манъ шуда бошад.

Вале дар хӯрдани гушти хом барои мусалмон ду нуктаи муҳимро бояд ба назар гирифт: Аввал, гӯшт аз ҷонваре бояд бошад, ки истеъмоли он барои мусалмон раво бошад. Дуюм, мусалмон бояд эътимод дошта бошад, ки гӯшти хом ба саломатии ӯ зарар намерасонад. Зеро ҳар он чизе ки зарар мерасонад, ҳаром аст, ҳамонтавре ки Аллоҳ таъоло мефармояд: «Ва худро бо дасти хеш, ба ҳалокат наяфканед». (Сураи Бақара: 195).

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД