Formula novemver 2024
Хотироти бевазан Қисми 1
2240

 

Фирӯза назди як зани миёнқади кулчарӯ, ки рӯйи кат нишаста аз тиреза саҳни беморхонаро тамошо мекард омад. Вай дар ин ҷо ниҳоят дилгир шуда буд. Зеро ҳолати баъзе беморон ӯро ба риққат меовард.

Аз як тараф чашмони маъюси хушдоман Фирӯзаро рӯҳафтодатар мекард. Ӯ хост бо ягон нафар ҳамсӯҳбат шуда, каме бошад ҳам аз гирдоби ғам раҳо ёбад. Келинчак бо овози маҳини ба худ зебанда ба назди як зани ғарқи хаёл нишаста омаду салом дода аҳволпурсӣ кард.

-Ассалому алайкум. Рӯзатон ба хайр бошад!

-Воалейкум бар салом. Ташаккур. Рӯзи Шумо ҳам ба хайр. Хуб ҳастед?

-Хуш бошед! Иҷозат ҳаст каме наздатон шинам?

- Чаро не, марҳамат биёед!

-Ин ҷо одам сахт хаставу дилгир мешудааст. Ба духтурон сад сипосу офарин, ки ба рӯҳу равон ва хислату хӯйи ҳар як бемор нигоҳ карда сӯҳбат мекунанд ба ғамашон шарику ба дардашон бо инояти Худованд даво мебахшанд. Аз чеҳраи ғамгину маъюси баъзе беморон дилтанг нашуда онҳоро рӯҳбаланд месозанд. Ман чанд вақт аст, ки касалбонам вале дар ин муддати кӯтоҳ он қадар маро ғам фаро гирифт, ки хандаи охиронамро ҳатто фаромӯш кардаам, - оҳи чуқуре кашида гуфт Фирӯза.

- Рост гуфтед дар урфият ҳам мегӯяндку касал касал не, касалбон касал. Албатта рӯйи ҷогаҳ дард кашида хоб рафтани азизонат бароят вазнинӣ мекунад. Оҳу воҳу нолаашон чун сӯзани дар оташи тасфида ба баданат мехаланд. Бовар кунед аз ҳама рӯзи бад барои инсон рӯйи бистари беморӣ хоб рафтани пайвандаш будааст. Ду моҳ мешавад, ки ҳамроҳи духтарам дари беморхонаҳоро охурча кардаем. Чеҳраи рангпаридаи духтарам диламро реш мекунад,- Ашки чашмонашро бо домони рӯймоли сараш пок карда талх гиристу афзуд, - фикр мекунам, ки духтарам аз пушти хушунати хонаводагиаш ба ин дард мубтало шуд. Рафтори ҳамсараш аз дахолати пайвастаи модару хоҳараш рӯз аз рӯз дигар гашта духтарамро мезадагӣ шуд. Шояд зарби ҳамон шартаҳо буд, ки духтарам гирифтори ин дард шуд, - аз ашки зиёд гирди чашмони Марҳабо чун лола сурх шуда рафт.

- Бале, аксар вақт мо занҳо қурбони ҳар гуна нофаҳмӣ мешавем. Шавҳарамон агар гирифтори мушкилие шавад ё бо ягон кас гапаш гурезад. Ё хушдоманамон аз кор ё кӯча бо табъи хира ояд аламашро аз мо мегирад. Лекин агар ба фарзандон   ё худи онҳо чунин муомила кунед вой бар ҳоли Шумо. Бархе намегӯянд, ки ин ҳам одам аст. Эҳ апаҷон зиқ нашавед, ин не вай не тақдиру пешонӣ...

-Рост мегӯед. Ба ҳамааш шукр. Ҳа хайриҳат, ки дарди духтарам он қадар вазнин нест. Табибон гуфтанд, ки агар муолиҷаашро дар вақт вақташ анҷом диҳед, шифо меёбад. Дунё ба умед гуфта мо ҳам тӯли чанд вақт аст, ки духтарамонро ба табобат овардаем.

- Ҳа Илоҳо Худованд ба ҳамаи беморон шифо диҳад. Ба хушдоманам ҳам. Аммо, табибон ҳолати ӯро хеле вазнин арзёбӣ мекунанд,- китф дар ҳам кашида гуфт Фирӯза.

- Шумо аҷаб бонуи ширинзабону малеҳгуфтор будаед.

-Сипос аз илтифотатон.

- Ҳа, чаро Шумо хушдоманатонро дар беморхона ҳамроҳӣ мекунед? Оё духтар надоранд? - пурсид Марҳабо.

- Духтар доранд вале, онҳо баъд аз он ки тамоми амволи хушдоманамро аз худ карданд, аз ӯ рӯй тофтанд. Аввал ба оилаи мо дахолат карда, ману хушдоманамро ба ҳам зид карданд. Баъдан хушдоманам ману шавҳарамро ба ҳам зид кард, - ҳамин замон миёни гапро шикаста ҳамшера Фирӯзаро ҷеғ зад.

- Фирӯза хушдоманат фарёд дорад. Мегӯяд то келинам наояд як қулт об ҳам наменӯшам, - аз дур истода бо овози баланд мегуфт ҳамшера.

-Хуб-хуб ҳозир меравам... Майлаш апаҷон боз хаста ки шудам наздатон меоям. Дидор ғанимат, сӯҳбат ғанимат. Ба ман ҳам хислати Шумо маъқул шуд. Аз шиносоӣ бо Шумо мамнунам.

-Ташаккур ман ҳам мамнун. Мо дар ҳуҷраи 5 ҳастем. Агар дар даҳлез маро наёфтед он ҷо равед бо дӯхтарам ҳам Шуморо шинос мекунам.

-Датси якдигарро чун ошноёни дерин фишурда Фирӯза ва Марҳабо хайрбодӣ карданд. Фирӯза назди хушдоманаш шитофт. Марҳабо боз аз тиреза ба саҳни беморхона дида дӯхт.

-Лаббай модарҷон маро ҷеғ задед?

-Ҳа келин ман ба ту як гап дорам. Ман... Ман...

(Давом дорад)

Абдуғаффор Шодиев

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД