Туро дар бевафоӣ гунаҳгор намекунам, чунки вақте ки пешниҳоди хонадоршавӣ намудӣ, ман ба оиладоршавӣ тайёр набудам. Дилшикаста шуда рафтию барқасди ман бо духтари нозанине хонадор шудӣ. Шояд ту фикр мекардӣ, ки хабари зангириятро фаҳмида, мисоли ҳезуми тар месӯзам ва худамро дор мекашам ё ягон балои дигарро ба сарам меорам, вале гумонат ботил баромад. Ман ҷудоиямонро аз тақдиру насиб шумурда, сабрро пеша кардам. Соле пас боз ба суроғам омадӣ ва зориву илтиҷо намудӣ, ки бо ман хонадор шавӣ. Ҳайрон шуда пурсидам, ки зан дорӣ, чаро боз думболи маро мегирӣ. Гуфтӣ: “Зан не, як аҷузаи таппа тайёр буд ҳамсарам. Умрамро бо зани шаттоҳ хазон кардан нахоста, ҷавобашро додам.” Ҳанӯз дар як гӯшаяки дилам шуълаи ишқат фурӯзон буд, бинобар ин, туро дашном надодам, бевафову занҷаллоб нахондам. Хотири ҳамон муҳаббати покамон дубора қабулат намудам. Чанд муддат ҳар ду дар гулшани ишқ сайр намудему рӯзе ба гӯшам пичирросзанон гуфтӣ: “Хостгор фиристам?» Интизор будӣ, ки мисли дигар духтарҳо аз хурсандӣ гул-гул шукуфта, туро ба оғӯш мегирам, аммо ман танҳо гиря кардам. Дӯстат медорам, вале туро бубинам, даступо мехӯрам ва наметавонам ба чашмат нигарам. Хостгоронатро фирист, ман бе ту зиста наметавонам, Расулҷон.
Мафтуна