Тибқи иттилои Вазорати умури дохила, рӯзи 19 сентябр, тақрибан соати 19-00 дар маҳаллаи “Гулакен”-и шаҳри Хоруғ пас аз анҷоми бозии футбол муноқишаи гурӯҳӣ сар задааст.
Бозии нимфиналии футбол дар майдончаи варзишии мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами 2, воқеъ дар маҳаллаи “Гӯлакен” сурат гирифт. Дар он дастаҳои маҳаллаҳои «Гулакен» ва «Хоруғи боло» - и шаҳри Хоруғ қувваозмоӣ намуданд.
Баъди ба анҷом расидани бозӣ соати 20:00 байни мухлисони маҳаллаҳои Гулакен ва Хоруғи боло муноқишаи гурӯҳӣ ба амал омад.
Дар натиҷаи сангпартоӣ аз ҳарду ҷониб 21 нафар ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, 20 адад шишаҳои тирезаи МТМУ №2 дар шаҳри Хоруг, 7 шишаҳои хонаҳои истиқоматӣ, 6 адад автомашинаи шаҳрвандон зарар дида, 6 адад тиреза ва 4 курсии варзишгоҳ, 5 шишаҳои тирезаи бинои БДА «Амонатбонк» шикаста шудааст.
Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати гурӯҳи авбошон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дошта, чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ барои ҷустуҷӯ намудани гунаҳгорон гузаронида шуда истодааст.