arzon replenishment
“ХОНДА-ЭЛАНТРА” ДАР ПЕШИ ЧАШМИ РОНАНДА ГУМ ШУД!
12.10.2020
Р. Азимӣ
4443


“Корнамои”-е, ки як зани 34-солаи тоҷик нишон дод, филмҳои пурмоҷарои Амрикоиро ба ёди кас меорад. Ин зан даст ба дуздию ғоратгарӣ зада, аз пеши чашми мардум автомашина тамғаи “Хонда-Элантра”-и ширкати ҶДММ “Сафар-Ориён”-ро рабудааст.

Ҳодисаи мазкур шоми 8 ба 9-уми октябри соли равон, тахминан соатҳои 03:30 дар кӯчаи Неъмат Қарабоеви пойтахт рӯй додааст.
Мошин дар назди як “Тезтайёр” гузошта шуда, ронанда барои харид кардан ба мағозаи сари роҳ даромада будааст. Дуздхонум аз набудани соҳиби автомашина истифода бурда, сари чамбарак мешинад ва аспи оҳанинро мисли бод метезонад, аммо...

Каҷравӣ ҳеҷ гоҳ касро ба кӯйи мақсуд намерасонад, ин зани ғоратгар низ ба ҳадафи худ нарасида, баъди чанд лаҳза ба чанг афтид.
Кормандони милитсия бонуи мошиндуздро дар назди мағозаи “Гулистон” дастгир карданд.

Автомашинаи дуздидашуда ба соҳибаш, ки сокини деҳаи Чортеппаи ноҳияи Рӯдакӣ будааст, баргардонида шуд.
Тафтишоти ин қазия аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ идома дорад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД