Хонандаи синфи 11-и Муассисаи давлатии таълимии «Литсей барои хонандагони болаёқат» дар шаҳри Душанбе Сино Шаропов ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии зеҳнӣ барои дарёфти «Ҷоми Раёсати Донишгоҳи славянии Русияю Тоҷикистон» гардид.
Бино ба иттилои Муассисаи давлатии таълимии «Литсей барои хонандагони болаёқат» дар шаҳри Душанбе, Озмуни ҷумҳуриявии зеҳнӣ барои хонандагони муассисаҳои таълимӣ барои дарёфти «Ҷоми Раёсати Донишгоҳи славянии Русияю Тоҷикистон» бо дастгирии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади дарёфт ва дастгирии хатмкунандагони болаёқат, рушди иқтидори зеҳнӣ ва эҷодии онҳо, инчунин мусоидат ба интихоби бошууронаи касб баргузор гардидааст.
- Иштирок ва пирӯзии хонандагон дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ яке аз дастовардҳои соҳаи маориф ба шумор меравад,- меафзояд манбаъ.