Дар минтақаи федералии «Сириус»-и Федератсияи Русия Олимпиадаи байналмилалӣ барои наврасон аз фанҳои табиатшиносӣ International Junior Science Olympiad - IJSO-2025 баргузор шуда, дастаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бомуваффақият дар он иштирок намуд.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати маориф ва илми кишвар, Артём Батруддинов, хонандаи Муассисаи давлатии «Литсей барои хонандагони болаёқат» дар шаҳри Душанбе тавонист миёни садҳо иштирокдори мамлакатҳои гуногуни ҷаҳон истеъдоди баланди илмии худро нишон дода, соҳиби медали биринҷӣ гардад.
- Дар олимпиадаи байналмилалии мазкур беш аз 300 хонанда аз 50 давлати дунё ширкат варзиданд ва рақобат аз рӯйи фанҳои физика, химия ва биология дар сатҳи хеле баланд сурат гирифт,- меафзояд манбаъ.