Хонандагони Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 3-и шаҳри Норак Ҳавасмоҳ Исоева ва Роҳел Ғуломова, ки аз ҷумлаи ғолибони олимпиадаи байналмиллалӣ аз фанни забони русӣ мебошанд, барои истироҳат ба шаҳри Сочии Федератсияи Русия сафар намуданд, хабар медиҳад Раёсати маорифи вилояти Хатлон.
Ҳавасмоҳ Исоева хонандаи синфи 9 ва Роҳел Ғуломова хонандаи синфи 7-и мактаби №3-и шаҳри Норак буда, барои хониши аъло ва ғолибияташон дар олимпиадаи байналмилалӣ соҳиби роҳхат ба истироҳатгоҳи «Артек» — и шаҳри Сочии Федератсияи Русия гаштанд.
Онҳо дар «Артек» истироҳат намуда, дар ин ҷо бо ҳамсолони худ аз Федератсияи Русия ва дигар давлатҳои хориҷи дуру наздик шиносоӣ пайдо менамоянд, ки барои боз ҳам васеъ гаштани ҷаҳонбинии онҳо ва афзудани шумораи дўстонашон мусоидат менамояд.
Дар Раёсати маорифи вилояти Хатлон изҳор доштанд, ки хонандагоне, ки дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ ғолиб шудаанд, пайваста қадрдонӣ ва ҳавасманд гардонида мешаванд. Ҳамчунин, волидайн ва омўзгорони хонандагоне, ки дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ ҷойҳои намоёнро ба даст меоранд, ҳавасманд гардонида мешаванд.
«Ин амал як воситаи муҳими баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбияи насли наврас мебошад», — тазаккур доданд дар ин Раёсат.