Дуздию ғоратгарӣ ҳеҷ гоҳ аз назари қонун пинҳон намемонад. Ё ин, ки надонистани қонун инсонро аз ҷазо раҳо намекунад. То чанд ин амал такрор ёбад вале ҳомии қонун изи ғоратгаронро нодида наметавонад.
Мақсад аз ин гуфтаҳо дуздии як рӯз қабл рух дода аст, ки ба ШВКД-2 дар ноҳияи Шоҳмансур бо ариза зани 37-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки 27-уми январи соли 2021, тахминан соати 01:00, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба хонаи истиқоматиаш даромада, аз он ҷо 7 ҳазор сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ноболиғи 14-солаи сокини ҳамин ноҳия дастгир карда шуд.
Инчунин, ба ШВКД дар ноҳияи И.Сомонӣ бо ариза марди 34-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки рӯзи 28-уми январи соли 2021, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз дохили мағозаи хӯроквориаш, воқеъ дар назди хонаи истиқоматиаш 11 ҳазор сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ноболиғи 16-солаи сокини пойтахт дастгир карда шуд.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.