arzon replenishment
Хонаи марди ҳиллагар сӯзад!
1379

Сарнавишти бонувони зиёдеро шунидаам, ки дар кишварҳои бегона ба доми фиреби ҳамватанони худ афтида, азобу азият кашидаанд.

Маро як чиз ба ҳайрат меорад, ки чаро баъзе мардони мо чунин разилу фосиқанд, магар эшон хоҳару духтару модар надоранд? Ба ҷои он ки дар мулки ғурбат дасти занеро гирифта, барои пайдо намудани чор танга кумак расонанд, баръакс ҳар занеро диданд, бо чашми бад нигоҳ мекунанду дарҳол ӯро ба бистар кашиданӣ мешаванд. Ин тоифаи мардон гумон мекунанд, ки бо никоҳи муваққатие, ки дар мулки ғурбат бо ягон зани бечора мебанданду баробари ба Ватан баргаштан талоқашро медиҳанд, худро аз зинову гуноҳ дар назди Худованд пок нигоҳ медоранд.

Фикр намекунанд, ки тақдири минбаъдаи он зани бечораву фарзандони бе падар дар мулки ғурбат чӣ мешавад. Фикр намекунанд, ки занҳои тоҷик аз мастиву вақти хуш барои кор ба Русияву давлатҳои хориҷа намераванд. Ҳамаи он занҳо дар зодгоҳ падару модар, акаву додар, фарзанд доранд, обрӯву эътибор доранд. Магар номардӣ аз ин зиёд мешавад? Ман ба шавҳари ҳамин зане, ки ӯро аввал бо фиреб ба никоҳи худ даровардаасту баъди ҳомиладор шуданаш партофта, талоқ додааст, гуфтаниям:

Лаънати Худо бар ту бод, разил! Туро ҳатман оҳи ҳамин хоҳар ва тифлаки гумгаштааш мегирад!
Марворид

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД