Sebiston new 2024 october
ХОНАИ ҶИНЗАДА
26.06.2020
Оила
4248

 

 

Пас аз хонадоршавӣ қариб даҳ сол дар иҷора зиндагӣ кардам. Ростӣ, аз иҷорашинӣ безор шуда шавҳарам ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафт ва мо як миқдор пул ҷамъ карда, маслиҳат намудем, ки ба шаҳр наздиктар ҳавличае мехарем.

Бахтамон омад кард ва ба зудӣ ҳавличаи зебое ёфтем, ки нархаш низ чандон қиммат набуд. Хона ба ману шавҳарам писанд омад ва корро кашол надода, дарҳол пулашро пардохтему ҳуҷҷатҳоро ба расмият даровардем. Ҳавлиамон чандон калон набошад ҳам, шукрона мекардем, ки соҳиби хонаи шахсӣ шуда, аз азоби иҷорашинӣ раҳидем.

Андак қарздор шуда будем, бинобар ин, шавҳарам ҳамагӣ ду моҳ дар хонаи нав ҳамроҳамон зисту боз роҳи Русияро пеш гирифт, то тезтар пули мардумро кор карда диҳад. Он вақт намедонистам, ки дар ин хонаю дари бо сад умеду орзу харидаамон дигар ҳамроҳи шавҳарам зиндагӣ нахоҳам кард.

Ҳамсояи бад - ғазаби Худо

Дар ду моҳи зиндагӣ дар хонаи нав андаке бо ҳамсояҳо ошно шудам. Дар назар одамони бад наменамуданд. Фарзандонамон бо ҳамдигар унс гирифта буданд ва зоҳиран нисбати якдигар ягон бадбинӣ надоштем.

Соҳиби аввалаи ҳавлиамон баъд аз вафоти занаш хонаро фурўхта назди фарзандонаш рафта буд ва ҳамсояҳо мегуфтанд, ки вай бисёр одами бад буду бо ҳеҷ кас рафтуомад надошт, вале…

Садоҳои даҳшатангез

Ду рўз пас аз сафари шавҳарам ҳамроҳи фарзандон то хомўш шудани барқ телевизор тамошо кардему баъд кўдаконро ба ҷойгаҳ даровардам. Нав сарамро таги кўрпа карда будам, ки садои ба тиреза бархўрдани сангчае сукути шабро шикаст.

Аз ҷоям як қад парида хестам ва ҳаросон пардаи тирезаро бардошта ба берун нигаристам. Ягон чизи шубҳанок ба назарам нанамуд. «Шояд шамол ва ё гурба бошад» гуфта, худро тасаллӣ додаму боз ба ҷогаҳам даромадам. Пас аз чанд дақиқа боз садои ба шишаи тиреза бархўрдани санг ё кулўхеро баръало фаҳмидам.

Дилам ба ларза даромад ва палмосида - палмосида гўгирдро ёфтаму шамъро афрўхтам. Садои сангзанӣ дубораю себора такрор шуд. Пойҳоям аз тарсу ваҳм дарақ-дарақ ларзанд ҳам, худро мард гирифта шамъи фурўзон дар даст назди тиреза рафтам. Ҳарчанд зеҳн монда нигаристам, аз даруни хона берунро дидан имкон надошт.

Барои ба рўи ҳавлӣ баромадан ҷуръат надоштам. Хостам писари калониро бедор карда, ҳамроҳаш барои хабар гирифтан ба ҳавлӣ бароям, аммо дилам нашуд. Тарсону ларзон боз таги ҷойгаҳ даромадам, вале ин дафъа шамъро накуштам. Нав чашмам ба хоб моил гашта буд, ки боз ҳам садои тараққоси дар ва роҳгардии касеро дар болои бом шунидам.

Ин дафъа ҳамроҳам писарам ва духтарчаи хурдиам низ бедор шуданд. Шамъи дуюмро ҳам гирон кардам. Ҷуръат намекардам, ки берун баромада, хабар гирам, ки ин садоҳо аз куҷост ва чаро тирезаи моро касе мекўбад. Писарам ба хурдсолиаш нигоҳ накарда аз ман боғайраттар будааст.

- Оча, биё ман пеш - пешу ту аз қафо берун баромада бинем, ки ин чист. Шояд ягон саг бошад» гўён, чароғаки дастиро ба даст гирифта ҷониби дар равон шуд. Суханони писарам ба дилам қувват бахшиданд ва ҳамроҳи Парвиз берун баромадам. Шабҳои тирамоҳ бисёр торик мешаванд, вале чароғаки мо тамоми кунҷу канори ҳавличаамонро равшан мекард.

Дар ягон ҷо ягон чизи шубҳаоварро надидем, на ному нишони саг буду на аз гурба ё ягон ҷонвари дигар, ҳайрон шуда ба хона баргаштем. Ҳамагӣ ним соат нагузашта боз садои сангпартоию роҳгардӣ дар болои бом сар шуд. Ин дафъа ҳама бачаҳоям бедор шуданд ва духтарчаи хурдиам аз тарс ба гиря сар кард.

Соат сеи шаб шуда буд. Телефонро гирифта ба падарам, ки хонаашон дар қишлоқи ҳамсоя буд, занг задам, вале телефонашон хомўш буд. Як илоҷ карда шабро бо тарсу ҳарос паси сар кардем ва субҳи содиқ ба хонаи ҳамсоя давида ҳодисаро нақл кардаму сабабашро пурсон шудам.

Ҳамсоя дар бораи ҷину аҷинаҳои ҳавлии мо чунон нақли даҳшатноке намуд, ки аз тарс хун дар рагҳоям ях баст ва тозон ба хона омадаму бачаҳоямро гирифта ба хонаи падарам рафтам. Ҳодисаро ба падарам нақл кардам. «Ягон хел ҷину аҷина вуҷуд надорад. Ин гапҳо ҳамааш бофтаю сохта, афсонаи кампирҳо» гўён, падарам маро тасаллӣ дод, ки шояд садои шамол ё ягон чизи дигар будаасту беҳуда тарсидаем. Дилам андак қувват гирифт ва рўзи дигар фарзандонамро гирифта боз ба хонаам омадам.

Тўйи аҷинаҳо

Шаб баъди хомўш шудани барқ боз ғалоғулаю тўйи аҷинаҳо сар шуд. Садои сангпартоию ғалоғулаашон ин шаб чунон бадвоҳима буд, ки дасту пойи касро ба ларза меовард. Ҳамроҳи Парвиз тарсидаю ларзида чанд бор берун баромада бошем ҳам, ҳеҷ чизро надидем.

Вақте ки боз ба падарам арз кардам, гуфтанд, ки шояд ҷину аҷина нею рўҳу арвоҳи гузаштагони ин ҳавлӣ аз чизе ноороманд ва моро осуда зистан намемонанд. Гўсфанд кушта ба рўҳу арвоҳи гузаштагон қурбонӣ кардем ва муллои зўреро ёфта тумору оби қайтарма гирифтем.

Мулло ваъда дод, ки аз тўмор тарсида, минбаъд ягон арвоҳ ва ҷину аҷинаю деву парӣ ба манзиламон наздик намешавад, вале махлуқҳои ноаён аз хонаи мо дил канданӣ набуданд. Тўйи аҷинаҳо ҳамоно ҳар шаб идома меёфт. Тамоми сураҳои азёд медонистаамро такрор ба такрор мехондам, вале бефоида, сангзанӣ ва роҳгардӣ дар болои бом то саҳар давом мекард.

Маслиҳати падар

Падарам баъди чандин шаб шоҳиди найрангҳои ҷину аҷинаҳо гаштан дигар тоб наоварда гуфтанд:

- Духтарам, беҳтараш то бозгашти шавҳарат ҳамроҳи бачаҳоят дар хонаи худамон зиндагӣ кун, баъд ин ҳавлиро мефурўшеду аз дигар ҷо хона мехаред.

Ҳайрон шуда пурсидам:

- Барои чӣ, дада?

-Ба фикрам ман сабаби бо аҷинаҳо рост наомадани ситораи шумоёнро ёфтам, аздусар ин ҳавлӣ ба шумо насиб намекунад, -гуфтанд падарам ва фармуданд, ки либосҳои бачаҳоямро ҷамъ кунам.

Ҳамин тавр мо ба манзили падарам рафтем ва то бозгашти шавҳарам дигар ёди хонаю дари ҷину аҷинадорамонро накардем. Падарам пас аз бозгашташ буду шуди гапро ба шавҳарам гуфта, маслиҳат доданд, ки ҳавлиро фурўхта хонаи дигар бихарад. Падари бачаҳоям розӣ шуда хост эълони фурўши ҳавлиро дар ягон рўзнома чоп кунад.

-Харидор кофта нагард писарам, аздусар овозаи ҳавлии ҷиндори шуморо ҳамсояҳоятон аллакай ба чор тараф паҳн кардаанд ва дигар ягон харидору талабгор пайдо намешавад. Беҳтараш ҳавлиро ба ҳамсояи дасти ростат фурўшу ҷонатро халос кун, - гуфтанд падарам ва табассуми маънидоронае намуданд.

Шавҳарам ба ин гапи падарам чандон бовар накарда, қариб ду моҳ дар газетаҳо эълони фурўши ҳавлиро чоп кард, вале харидорон омада савдо мекарданду бо ҳамин пою қадамашон канда мешуд. Ниҳоят аз моҷарои хонафурўшӣ безор шуда мо ҳавлиро ба ҳамон ҳамсояи дасти ростамон бо нархи хеле арзон фурўхтем ва аз шаҳр як манзили духонагӣ харидем.

Сирри фошгашта

Падарам ба хонаи навамон меҳмонӣ омаданду дар омади гап шавҳарам пурсид, ки ба манзили мо талабгор будани ҳамсояи дасти ростамонро аз куҷо фаҳмидаанд. Падарам оҳи сарде кашиданд ва ба ман рў оварда гуфтанд:

-Медонӣ барои чӣ шуморо дар ҳавлии харидаатон ҷину аҷинаҳо азоб медоданд?

Ба маънии намедонам китф дарҳам кашидам.

-Ҳавлиро ҳамсояатон харидор будааст, вале соҳиби аввалааш бо нархи баланд ҳам ба вай хонаро нафурўхтааст. Онҳо сӣ сол боз ҷангӣ будаанд. Ана ҳамон ҳамсояи худонотарсатон ҳар шаб ҳамроҳи бачаҳояш болои бом баромада сангзанӣ ва ҳар хел нағмаю нағомот мекардааст, то шумо тарсида аз хона баромада равед ва хона насиби вай гардад. Ин гапро як ҳамдеҳаатон ба ман гуфт.

Дар ҷое, ки ҳамсоя шуморо намехоҳад, оромона умр ба сар бурдан номумкин аст фарзандонам, барои ҳамин ман маслиҳат додам, ки хонаро фурўшед. Беҳуда дар урфият нагуфтаанд: «Хона нахар, ҳамсоя хар!»

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД