Дар шаҳри Пратола-Пелиня воқеъ дар вилояти Абруззии Италия, фурӯши хонаҳо бо арзиши ҳамагӣ 1 евро (13,5 сомонӣ) оғоз шудааст.
Ин тасмимро раиси шаҳр хонум Антонелла Ди Нино, ки чор сол қабл ба ин вазифа таъйин шуда буд, бо мақсади эҳёи хонаҳои вайрону валангоршуда гирифтааст. Ҳоло тақрибан 600 хона холист ва соҳибони пешинаашон дигар дар онҳо зиндагӣ кардан намехоҳанд. Соҳибони нави хонаҳо вазифадоранд, ки дар давоми 3 сол хонаҳоро таъмиру барқарор карда, бо ҳар мақсаде, ки хоҳанд, истифода кунанд.