Arzon march 2024
Хона нахару ҳамсоя бихар!
1157


Ҳафтаи гузашта номаи хонандаи ҳафтаномаро таҳти унвони “Ҳамсоязан маро ба шавҳараш рашк мекунад” мутолиа намуда, ором истода натавонистам.

Дар воқеъ нақши ҳамсоя дар зиндагии инсон хеле зиёд аст, зеро дар хонаҳои баландошёна мо хоҳ-нохоҳ ҳар рӯз бо ҳамсояҳо рӯ ба рӯ мешавему ғайриихтиёр дар робита мешавем. Аз ин лиҳоз, чӣ гуна будани ҳамсоя барои инсон хеле муҳим аст.

Ман дар шаҳр ду бор ҷои зистамро иваз карда, бо одамони гуногун ҳамсоягӣ кардаам ва ҳаминро дарк намудам, ки беҳуда бузургонамон “Хона нахару ҳамсоя хар” нагуфтаанд. Муддати 10 соле, ки дар хонаи хусуру хушдоманам зиндагӣ мекардам, аз муносибату рафтуомади ҳамсояҳои қадрдонашон ба ваҷд меомадам. Занҳои маҳаллаи хушдоманам чунон ба ҳам дӯсту тифоқ ҳастанд, ки ҳамеша ва дар ҳама ҳолат якдигарро дастгирӣ мекунанд.

Боре нашунидаам, ки ғайбати касеро карда бошанду бо ҳамдигар ҷангу ҷанҷол кунанд. Вақте бо шавҳарам соҳиби хонаи худамон шудем, тамоман ба муҳити дигар ворид шудам. Муҳите, ки дар он рӯзи дароз ҷангу ҷанҷоли ҳамсояву фарзандонашонро дида, бо ҳам ғайбат карданашонро мешунавам.

Бо шавҳарам маслиҳат кардем, ки хонаамонро фурӯхта, аз ҷои дигар хона мехарем, вале метарсам дар хонаи нав низ бо ҳамсояҳои бад дучор нагардам.
З.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД