1xbet
Холмаҳмадзода бо Дабири кулли Созмони байналмилалии меҳнат мулоқот анҷом дод
12.06.2025
Oila.tj
197

Дирӯз, 11-уми июни соли 2025 дар ҳошияи иҷлосияи 113-уми Конфронси байналмилалии меҳнат вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Холмаҳмадзода Солеҳа бо Дабири кулли Созмони байналмилалии меҳнат ҷаноби Жилбер Унгбо мулоқот анҷом додааст.

Бино ба иттилои Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии кишвар, зимни мулоқот ҷонибҳо оид ба корҳои анҷомдодашудаи назаррас дар давраи узвият дар ин созмон, аз ҷумла татбиқи самараноки барномаҳои ҳамкорӣ байни шарикони сетарафаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони байналмилалии меҳнат оид ба меҳнати арзанда, Барномаи миллӣ оид ба барҳам додани шаклҳои бадтарини меҳнати кӯдак, Нақшаи амал оид ба ҳамкорӣ байни шарикони сетарафаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони байналмилалии меҳнат оид ба меҳнати арзанда, гузаронидани тадқиқотҳои соҳавӣ ва як қатор чорабиниҳои дигар изҳори қаноатмандӣ намудаанд.

Холмаҳмадзода Солеҳа қайд намудааст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 1993 узви комилҳуқуқи Созмони байналмилалии меҳнат буда, меъёру принсипҳои онро ҷонибдорӣ ва риоя менамояд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД