Холаи Шарофат 18-сол боз роҳи
писари гумномашро мепояд
Шарофат Қосимоваи 73- сола сокини шаҳри Хуҷанд буда, қариб 20-сол боз фарзанди бедаракшудаашро меҷӯяд. Писари ин модари ҷигарреш Акпархон Туйчиев 25-уми апрели соли 2003 мисли дигар ҳамватанони мо ба Русия ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафта, бо ҳамин бе ному нишон гаштааст. Бино ба гуфти худи Шарофат Қосимова писараш Акпархон 6 моҳи аввал пайваста занг зада аз ҳолу аҳволи падару модар ва пайвандонаш мепурсид, аммо аз моҳи январи соли 2004 якбора бедарак шуд. Инак, сли 19-ум аст, ки аз ӯ на хат аст, на хабар. Ин модари чашминтизор тӯли солиёни дароз рҳи фарзанди гумномашро мепояд ва он қадар ташнаи дидор писар гаштааст, ки фақат худаш медонаду худованд.
Дар ҷустуҷӯйи писар
Дар аввал волидони Акпархон гумон мекарданд шояд фарзандашон телефон надорад ё рақами аҳли оилаашро гум кардааст ва ё шояд бемор асту баъди шифоёбӣ занг мезанад...
Хулоса аз сари падару модар ҳар рӯз сад гумону тахмин мегузашт ва боварӣ доштанд, ки фарзандашон дер ё зуд пайдо шуда ба онҳо “сюрприз ” мекунад, вале ҳафта пайи ҳафтаву моҳ пайи мҳ мегузашту аз Акбархон ягон хату хабар набуд. Волидони ҷигархун диданд, ки аз фарзандашн дарак нест, бо умед ба ҳамсафарони писарашон занг заданд, ки шояд касе дар куҷо будани писари онҳоро медонад, вале ҳамагӣ як ҷавоб мешуниданд: “Надидем, намедонем!” Холаи Шарофат ва ҳамсараш акмаки Алиҷон диданд ки ҷустуҷуйи худашон ягон натиҷа намедиҳад, ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилоят аз бедарак шудани фарзандашон хабар доданд, аммо зинда ё мурда будани Акпархонро мақомот ҳам муаян карда натавонистанд.
Барномаи “Жди меня”-ро бо умед тамошо мекунам, вале...
Тавре холаи Шарофат мегӯяд, ӯро пирӣ не, 19 соли интизорию роҳпоӣ обу адо кардааст. Аз вақте ки сапараш гум шудааст, ин модари зор пайваста барномаи “Жди меня”-ро бо умед тамошо мекунад, ки шояд дар ин барнома фарзанди нопайдои ӯ ёфт шуда, падару модарашро суроғ мекунад, вале дар чашмонаш дигар нӯр намонда бошад ҳам, орзуяш амалӣ нашуд, ки нашуд...
Зан дар интизрии шавҳар пир шуду...
Вақте Акпархон ба Рассия рафт, ҳамасараш-Марҳабо ҳамагӣ 33-сол дош ва ду фарзанди ноболиғ дошт. Марҳабо ҳам мисли ҳазорон-ҳазор занҳои тоҷик умед дошт, ки шавҳараш аз муҳоҷират пул ёфта меорад ва зиндагияшон хуб мешавад, аммо синну солаш ба 52 расидаву мӯяш сапед гашту аз шавҳараш дарак нашуд. Дарди танҳоиву раҳпоӣ, душвориҳои зиндагӣ, мушкилоти таъмину тарбияи ду кӯдаки бепадар зани берӯзиро бемору абгор кардааст. Дар ин муддат Марҳабо ду бор ҷарроҳии дил гузаронида, маъюби гурӯҳи дуюм аст ва ҳамагӣ 300-сомонӣ нафақа мегирад ва намедонад ин маблағи ночизро барои хариди доруворӣ истифода барад ё дар зиндагиаш сарф кунад. Зан баъди ду амалиёти ҷарроҳӣ ва аз сар гузаронидани бз чанд бемории дигар танҳо туфайли дорӯвор зиндагӣ мекунад ва агар қатрадрӯву сӯзандоруҳоро дар вақташ нагирад, ҳолаш боз табоҳ хоҳад гашт....
Аксари занҳои ҷавон баъди як-ду соли бедарак шудани шавҳарашон дубора шавҳар мекунанд, то умри ҷавонашон барҳадар нагзарад, вале Марҳабо бо вуҷуди 19-сл боз бедарак будани шавҳараш Акпархон манзили хусуру хушдоманашро тарк накарда, мӯйи қатрониашро бо роҳпойӣ сафед кардааст. Ӯ бо азобҳои алим ду кудакро бе падар тарбия карда, бо номи нек хонадор кардааст, вале як гӯшаи дилаш аз набудани шавҳараш ҳамоно торик аст.
“Ду фарзандамро оиладор кардам. Ростӣ, дар рӯзҳои туй ҳам умед доштам, ки падарашон пайдо шуда меоянду ба шодии мо шарик мешаванд, вале умедамон барбд рафта, фарзандонам бо болу пари шикаста бепадар оиладор шуданд”-мегӯяд бо ҳасрат апаи Марҳабо.
Ҳамсояҳо ба сабру таҳаммули ин зан қоил шуда, Марҳаборо “зани оҳанӣ” меноманд, зеро чунин занону пурсабр ва боандешаву пуртамкин дар ҷомеаи мо ангуштшуморанд.
Мӯйсафеди 83-сола ба Русия писаркобӣ рафтанист
Падари Акпархон- Алиҷон Туйчиев 83-сола аст. Мӯйсафед солҳост, ки дари тамоми сохторҳои қудратию маҳаллиро куфта, дар ҷустуҷӯйи писараш имдод мехоҳад, вале фарзанди ӯ дар куҷост, касе то ҳол намедонад.
Фируза редактор тсел, [19.05.2022 10:16]
Пирамард ду бор ба инсулт гирифтор шуда, бо марг дастбагиребон шудааст ва орзу дорад, ки ақаллан як бор рӯи писарашро дида, баъд бо хотири ҷамъ ҷон ба ҷонофарин супорад.
“Барои падару мдар аз марги фарзанд дида, якбора бе ному нишон шуданаш аламноктар аст, зеро бо хаёлу гумон на шаб хоб дору на рӯз қарор”-мегӯяд бобои Алиҷон оҳи сард кашида.
Ҳар гоҳ ягон сокини шаҳри Хуҷанд аз муҳоҷират баргардад, мӯйсафед бо умед ба наздаш рафта аз писараш Акпархон пурсн мешавад, аммо то имрӯз касеяк пайки нек нарасонидааст.
Бобои Алиҷони 83-сола ба нуқтаи чиптафурушӣ (АВИАКАССА) рафта пурсидааст, ки рӯзҳои наздик ба самти НОВСИБИРСК чипта ҳаст ё не? Падари солхӯрда мехоҳад худаш ба Русия рафта, писарашро ёфта орад, аммо...
Набераҳо бобо мекобанду...
Вақте ҳамсари Марҳабо ба муҳоҷорат рафту бедарак шуд, ду фарзандаш кӯдак буданд, аммо имрӯз ҳарду калон ва соҳиби оилаю фарзанд шудаанд. Айни ҳол Марҳабо соҳиби 7 набера аст, лекин набераҳояш боре ҳам рӯйи бобояшонро надидаанд.
Фарзанди калонии Акпархон чанде пеш ба Русия ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтааст ва аҳли оила умед доранд, ки ӯ ҳам кор мекунад ва ҳам дараки падарашро ёфта ӯр ба хона меорад. Марҳабо ва хушдоманаш ҳатто шабона дарвозаро қулф намекунанд, ки мабодо Акпархон пайдо шуда ояд, дар пушти дарвоза интизор наистад. Модар дар ҳар намозаш, дар ҳар сухану ҳар қадамаш дуо мекунад: “Худоё, Акпархони моро дар паноҳат нигоҳ дор ва ӯро зиндаю саломат ба назди аҳли оилааш баргардон!”
Фарзона Муродӣ