arzon replenishment
Холаам хушдоманам шуду балои ҷонам гашт (ҚИСМИ 2)
15.06.2024
ОИЛА.ТҶ
1187

Хола ба ҷойи модар аст мегӯянд, вале холаи ман аз рӯзе, ки хушдоманам шуд, пӯстинашро чаппа пӯшида, ба душмани ҷонам табдил ёфт. Аз соати 4-и субҳ то12-и шаб ҷумбуҷӯл мекунам, вале дар тӯли 10 соли зиндагиам на аз шавҳарам ягон бор сухани хуб шунидам, на аз модару хоҳаронаш, ҳамеша ягон айб монда, як пора нони мехӯрдаамро дар танам заҳр мекунанд

Ҳунар, беҳ аз шавҳар

Шавҳарам ҷойи кори доимӣ надорад, танҳо фасли тобистон ба Русия рафта, дар сохтмон кор мекунаду тирамоҳ ба хона бармегардад. Дар бадали ҳамин қадар сол вай ба ман ҳатто як ҷӯроб нахаридааст. Хайрият, ки ҳунари дӯзандагӣ дораму аз ҳисоби чор танга пули бо меҳнати худ меёфтаам, рӯзгори худаму бачаҳоямро пеш мебарам, вагарна бо умеди ин мардаки муштзӯр шуда, кайҳо аз гуруснагӣ мемурдем. Шабҳо баъди ба анҷом расонидани тамоми кору бори хона дар сари мошини дарздӯзӣ мешинам. Ҳама масти хобанд, ман бошам, то соати ду ва гоҳо то саҳар курта медӯзам, то аз ҳисоби дастмузди худ барои бачаҳоям айнаву собун, ширу шакар, либосу пойафзол ва дигар лавозимоти заруриро бихарам. Шавҳарам як пули пучак ҳам намефиристад, бар замми ин, ҳамон чор суми меҳнатии маро низ базӯр аз дастам зада мегирад.

Қайсингилҳои муштзӯр

Ростӣ, ба ҳама каму кости зиндагӣ тоқат мекардам, агар муносибати шавҳарам ва аҳли оилаашон бо ман хуб мебуд, вале онҳо маро одам ҳисоб намекунанд. Хушдоману хоҳаршӯйҳоям дар симои ман келин не, ғуломро мебинанд. Ғуломе, ки вазифадор аст чиркашонро шӯяд, хӯроку нонашонро пазад, гову молашонро нигоҳубин намояд, вале ягон чиз талаб накунад ва санги осиёбро ба сараш гардон намоянд ҳам, овоз набарорад. Хоҳарони шавҳарам чандин маротиба маро зада, аъзои баданамро сиёҳу кабуд карданд. Сабаб-бачаҳояшон бо кӯдакони ман ҷанҷолу ҳақоратгӯӣ намудаанд. Аслан айб дар бачаҳои ман ҳам нест, кӯдакон аз забони бибию бобо ва аммаю амакҳояшон танҳо дашномҳои қабеҳ шунида, мисли тутӣ ин гапҳои ҳаромро азёд кардаанд ва ҳамин, ки ҷанҷол шуданд, ҳамон гапҳоеро ба забон меоранд, ки ҳар рӯз аз калонсолон мешунаванд.

Зани рус гирифту аз худ рафт

Шавҳарам дар Русия зан дорад. Пештар бо як беваи аз худаш қариб 20 сол калон зиндагӣ карда, тамоми пули меёфтаашро ба ҳамон кампир сарф мекард, вале аз афташ кампираки чаққон ягон марди пулдори дигарро ёфта, ӯро аз хонааш рондааст. Шавҳарам барқасди кампираш духтари 18-солаеро ба домаш афтонда, ба занӣ гирифтааст. Аслан дили ман аз шавҳарам чунон хунук шудааст, ки парвои зангириашро надорам, вале ҷонам аз мушту лагадаш ба лаб расидааст. Аз Русия, ки баргашт, маро мурданивор зада, гоҳ дастамро мешиканаду гоҳ биниамро, ҳатто нармаки гӯшамро шикаста буд.

Ҷонам аз ҷабри шавҳари муштзӯр ва модару хоҳарони морзабонаш ба лабам расидааст. Дигар ғуломи шавҳару хушдоман будан намехоҳам...

З. М.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД