Давомаш ... Қисми якумашро ин ҷо хонед
Холаам то тӯй сад бор садқаю бандаи қаду қомати баланду чашму абрувони зебо ва дастони пурҳунари ман мегашт, вале баъди он, ки ҳамчун келин ба остонааш қадам гузоштам, муносибаташ тағйир ёфт. Аллакай субҳи рӯзи дуюми арӯсиам хола-хушдоманам маро соати чори саҳар аз хоб бедор карда гуфт:
- Ин ҷо хонаи очаат нест, ки то нисфирӯзӣ баҳузур хоб кардан гирӣ, минбаъд ҳар рӯз пеш аз намоз хеста, барои мо оби таҳорат мегирӣ ва тамоми кору бори хонаро мекунӣ!
Тӯри арӯси дар сар бо аломати ризо сар ҷунбондам.
Духтарҳои тайёрхӯр
Холаам мисли модарам серфарзанд, аниқтараш соҳиби 8 духтару 2 писар аст. Келини калониаш аз ҷабру ситами хоҳаршӯйҳо ду кӯдакашро партофта баромад рафта буд ва парастории бачаҳои зиндаятими вай низ бар дӯши ман афтид.
5 хоҳаршӯям ба шавҳар баромада бошанд ҳам, танҳо ду нафарашон дар хонаҳои худашон ҳастанд, 3 қайсингилам аз шавҳар ҷудо шуда дар хонаи падарашон зиндагӣ мекунанд, шавҳари яки дигараш қариб 10 сол боз дар Русия бе ному нишон аст. Хулоса, шаш хоҳари шавҳарам дар ин хона зиндагӣ кунанд ҳам, дасташонро ҳатто ба оби хунук намезананд. Корашон рӯз то бегоҳ худро орову торо додан ва ғайбат кардан аст.
Келин ё канизак?
Нигоҳубини гову мол, хонаю ҳавлирӯбӣ, хӯрокпазӣ, нонпазӣ, ҷомашӯӣ, хулоса тамоми кору бори ин хонаводаи калон танҳо ба зиммаи ман аст. Аз соати 4-и субҳ то 12-и шаб ҷумбуҷӯл мекунам, вале дар тӯли 10 соли зиндагиам на аз шавҳарам ягон бор сухани хуб шунидам, на аз модару хоҳаронаш, ҳамеша ягон айб монда, як пора нони мехӯрдаамро дар танам заҳр мекунанд. Хола ба ҷойи модар аст мегӯянд, вале холаи ман аз рӯзе, ки хушдоманам шуд, пӯстинашро чаппа пӯшида ба душмани ҷонам табдил ёфт.
Ҳунар, беҳ аз шавҳар
Шавҳарам ҷойи кори доимӣ надорад, танҳо фасли тобистон ба Русия рафта дар сохтмон кор мекунаду тирамоҳ ба хона бар мегардад. Дар бадали ҳамин қадар сол вай ба ман ҳатто як ҷӯроб нахаридааст.
Хайрият, ки ҳунари дӯзандагӣ дораму аз ҳисоби чор танга пули бо меҳнати худ меёфтаам, рӯзгори худаму бачаҳоямро пеш мебарам, вагарна бо умеди ин мардаки муштзӯр шуда, кайҳо аз гуруснагӣ мемурдем.
Шабҳо баъди ба анҷом расонидани тамоми кору бори хона дар сари мошини дарздӯзӣ мешинам. Ҳама масти хобанд, ман бошам, то соати ду ва гоҳо то саҳар курта медӯзам, то аз ҳисоби дастмузди худ барои бачаҳоям айнаву собун, ширу шакар, либосу пойафзол ва дигар лавозимоти заруриро бихарам.
Шавҳарам як пули пучак ҳам намефиристад, бар замми ин, ҳамон чор суми меҳнатии маро низ базӯр аз дастам зада мегирад ...
Давом дорад ...