arzon replenishment
Ход-доги Профсоюз 14-кӯдакро заҳролуд кард
1940

 

Хабари аз ход-дог заҳролуд шудани 14 кӯдак имрӯз дар фазои пойтахт барқсон паҳн гашта, сару садоҳои зиёдеро ба миён овард.

Хадамоати назорати давлатии эпидемиологии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ин хабаррро тасдиқ намуда, чунин иттилоъ додааст, ки кӯдакон дар ҳақиқат бо аломатҳои заҳролудшавӣ ба бемористон бурда шудаанд. Маълум гаштааст, ки ин кӯдакон ва як зани 63-сола пас аз истеъмоли хот-дог дар маҳаллаи Яккачинор якбора худро бад ҳис кардаанд. Ҳамаи зарардидагони ход-дог дарҳол ба беморхонаи касалиҳои сироятӣ бурда шуданд ва ин нуқтаи савдои тезтайёр муваққатан баста шудааст. 

Табибон да организми кӯдакон ва пиразани ошиқи ход-дог аломатҳои “илтиҳоби шадиди меъдаву рӯда”-ро пай бурда, фавран ба ҳамаи заҳролудшудагон ёрии тиббӣ расониданд. Як қисми бачаҳо аллакай аз бемористон рухсатӣ шуда, боқимондагонро то бегоҳ ба хона ҷавоб медиҳанд, агар вазъи саломатиашон дубора бад нашавад.
Намунаи маҳсулоити нуқтаи тезтайёре, ки ход-догҳояш боиси заҳролудшавии одамон гаштааст, ба озмоишгоҳ фирисода шудааст ва натиҷаи озмоиш пас аз 48 соат маълум мешавад.
Дар хабар гуфта мешавад, ки дар ин нуқтаи савдо маҳсулоти ғизойӣ дар кӯча дар шароитҳои ба талаботи санитарӣ ҷавобгӯи набуда тайёр карда мешуд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД