Забон
Дароз ё ғафс шудани забон дар хоб нишонаи қудрату бузургӣ, ғолибият ба душманон ё нишонаи ҳалимӣ, эҳтиром, сухандонӣ ва боадабии шахси хобдида аст. Ҳамзамон забон дар хоб таҷассумгари фикру ақидаҳои инсон, кафолати наҷоти ӯ, далелу бурҳон аст. Рафту забон дар хоб аз ҳад зиёд гардад, пас шахси хобдида шахси беҳаё ва бадахлоқу фосиқ аст. Нафаре, ки дар хобаш гап задан мехоҳаду гап зада наметавонад, пас дар бедорӣ гапҳои гуфтааш дарди сараш мешаванд. Забони баста дар хоб шаҳодати бемориву ғаму андуҳ аст. Дар хоб бе забон шудан нишонаи он аст, ки шахси хобдида ба нафари хеле густох ягон чизи даркорӣ медиҳад. Худро бо ду забон хоб дидан нишонаи он аст, ки шахси хобдида ҳама гуна ногувориҳоро паси сар намуда, ҳамзамон душманони худро мағлуб мегардад. Забони баста дар хоб шаҳодати бадбахтӣ, беморӣ ва муҳтоҷӣ аст. Агар дар хоб дар забон мӯйи сиёҳ барояд, ин бадбахтӣ асту мӯйи сафед бадбахтии дарпешистода аст. Дароз шудани забон дар хоб ба ҳадде, ки гулӯро маҳкам намояд, далели он аст, ки шахси хобдида одати пулҷамъкунӣ ва зихнагиро дорад, ҳамзамон чунин хоб аз наздик омадани рӯзи марг шаҳодат медиҳад. Забони худро варамкарда хоб дидан нишонаи он аст, ки шахси хобдида сухане ба забон меорад, ки сабаби бадбахтӣ мегардад. Рафту шахси хобдида сарватманд бошад, муфлис мегардад, агар соҳиби вазифа бошад, аз ҷои кор мемонад. Агар нафаре нӯги забони худро бурида хоб бинад, дар баҳсу мунозира ба фоидаи худ амал карда наметавонад. Забони мардеро, ки дар хоб завҷааш қайчӣ мекунад, нисбати зани худ меҳрубону олиҳиммат мегардад. Марде, ки нӯги зани худро бурида хоб мебинад, аз хоксориву парҳезгории завҷааш дарак меёбад. Бурида шудани забони фақире дар хоб нишонаи он аст, ки шахси хобдида ба шахси фиребгар хайр мекунад. Забони худро дар даҳон часпида хоб дидан нишонаи аз қарзҳои худ худдорӣ намудан ё фош сохтани сире буда метавонад.
Забондонӣ
Нафаре, ки дар хоб гуфтугӯро бо забонҳои хориҷӣ мешунавад, соҳиби боигарии зиёд мегардад.
Забҳкунӣ
Нафаре, ки дар хобаш инсонеро бо корд мекушад, ӯро таҳқир ва зулму ситам мекунад. Шахсе, ки гирифтори ташвишу ғам аст, дар хобаш ӯро корд зананд, аз ғаму ташвиши худ озод мегардад. Дар баъзе ҳолатҳо забҳкунӣ ишора ба издивоҷ аст. Нафаре, ки дар хобаш кабӯтар, гӯсфанд ё ҷонвареро забҳ мекунад, ба наздикӣ оиладор мешавад. Дар хоб корд халидан ба модару падар нишонаи итоат накардан аст.
Забҳ намудани гӯсфанд ба хотири тавлиди тифл
Нафаре, ки дар хобаш ба хотири тавлиди фарзанд гӯсфанд забҳ мекунад, дар хонадонаш тифл ба дунё меояд, баъзан чунин хоб нишонаи бузургии имон ва риоя намудани суннатҳои дин аст.
Задану кӯфтан
Бо тозиёна ва қамчин зарба задан дар хоб маънои сухани қабеҳ асту зарбаи шамшер нишонаи ғолибият бар душманро дорад. Нафаре, ки ба замин зарба мезанад, ба сафар мебарояд. Бо санг нафареро задан аз гуноҳ тоза шудан аст, вале санги ба пушти нафаре задашуда маънои шармандагӣ ва бадномӣ аст. Торсакӣ ба рухсора шаҳодати он аст, ки шумо қурбони туҳмати разилона мегардед. Агар дар хоб аз шахси фавтида шаппотӣ хуред, дороии аз даст додаро бармегардонед. Рафту дар хобатон худро мурда бинеду нафаре шуморо мезада бошад, имонатон қавӣ аст.
Завлона
Худро бо завлона хоб дидан маънои ба наздикӣ ба сафар баромаданро дорад. Дар хоб дастони худро баста дидан маънои онро дорад, ки шахси чунин хобдида хеле зихна аст.
Заифӣ, нотавонӣ
Нафаре, ки худро ҷисман заиф хоб мебинад, имонаш заиф гашта, аз намозу рӯза ва закоту ҳаҷ худдорӣ менамояд.
Замин
Замин дар хоб таъбирҳои гуногун дорад. Масалан, дар хоб дидани замине, ки дар он рӯзи маҳшар фаро мерасад, маънои сиру асрори нафареро нигоҳ доштану ваъдаҳои ростқавлона доданро дорад. Замини шудгор дар хоб нишонаи серҳосилӣ аст. Агар нафаре дар хоб қитъаи замин харидорӣ намояд, агар муҷаррад бошад, оиладор ва соҳиби фарзанд мешавад. Рафту дар хоб замин дар зери пой ба ларза ояд, зани ҳомила кӯдакашро меафтонад. Фурӯ рафтани замин дар зери пойи чанд нафар нишонаи ғуруру такаббур ва бепарвоӣ нисбати фармудаҳои Худованд аст. Дар хоб дидани замини ҳамвору ношинос нишонаи ба сафар баромаданро дорад. Бо пой заминро кӯфтан дар хоб аз пайи корҳои тиҷоратӣ ба роҳ баромадан аст. Нафаре, ки аз замини хушку бе ҳосил ба замини сарсабзу пурмева қадам мегузорад, аз роҳи хато ба роҳи дуруст меравад. Шахсе, ки нияти сафар дораду дар хоб аз як мавзеъ ба мавзеи дигар меравад, дар бедорӣ ба сафар баромада, айнан ба чунин мавзеи хобдидааш қадам мегузорад. Пой кӯфтан дар хоб шаҳодат аз гирифтани мерос аст. Рафту шакли замин дар хоб тағйир ёбад, нобарорӣ ҳамсафаратон мегардад. Хоб дидани замини оташгирифта башорат аз хатару бадбахтӣ аст, вале агар аз замин пирамарде берун шавад, муждаи нек аст. Замини пур аз гулу сабзаҳои зеборо моли худ хоб дидану шод гаштан маънои дар зиндагӣ ба муроди дил расидан ва бармаҳал ин дунёро падруд гуфтанро дорад.
Заминков
Дар хоб дидани шахси ношиносе, ки замин меканад, нишонаи рӯ ба рӯ шудан бо ҳиллаву найранг, фиреб ва дасисакорӣ аст. Рафту шахси заминков ба нафари хобдида шинос бошад, шахсест, ки бо тадқиқоти илмӣ ва донишомӯзӣ машғул аст.
Заминларза
Заминларза дар хоб нишонаи тарс асту аз сар задани нохушӣ дар рӯйи замин, пеш омадани сардии аз ҳад зиёд ё хушксолӣ дарак медиҳад. Рафту зани ҳомила заминларза хоб бинад, таваллуд мекунад. Ҳамзамон заминларза маънои ташвишу бетартибӣ ва сар задани ҳодисаи бузург дар рӯйи заминро дорад. Дар хоб ба ларза омадани хона шаҳодати онро дорад, ки дар ин манзил нафаре ба зино роҳ медиҳад. Нафаре, ки ними хонаи худро фарсудаву валангор хоб мебинад, ин нафар реҳлат менамояд.
Замбӯруғ
Дар хоб замбӯруғи зиёд дидан хуб аст, вале як ё ду дона замбӯруғ нишонаи некро надорад. Замбӯруғҳое ҳастанд, ки хабари хушро пешгӯӣ мекунанд.
Зан
Зан дар хоб васвасаву фиреб аст, рафту зан наздик шавад ё пушташро гардонад, ҳушдор аз кирдори бад ва бадбахтӣ аст. Зани сиёҳ бо каллаи бадафт нишонаи бемории вабо, офат аст. Зани дилкашу тақводор ин хушнудӣ ва хубӣ аст. Зан агар дар хобаш зани ношиносеро хоб бинад, ин зан душман дорад. Дар хоб зане ба пиразан мубаддал гардад, вазъи зиндагӣ рӯ ба беҳбудӣ меорад. Дар хобе, ки шумораи занҳо зиёданд, ба зиндагии хубу осоишта ишорат мекунад.
Занбӯр
Занбӯр дар хоб ҳосилхезӣ, боигарӣ, фоида, қудрат ва вазифаи баланд аст, ки бо душворӣ ва исроркорӣ ба даст меояд. Боз мегӯянд, ки дар хоб дидани занбӯр нишонаи бо табиб ё олими шинохта ҳамсуҳбат шуданро дорад, зеро занбӯр асал медиҳад, асал бошад, дору аст. Дар хоб газидани занбӯр аз муноқиша бо нафаре далолат медиҳад, ки зарараш мерасад. Аз занбӯрон тамоми асалашонро гирифтану истеъмол кардан дар хоб маънои онро дорад, ки шахси хобдида моли бегонаеро аз худ кардааст.
Занбӯрхона
Занбӯрхона дар хоб нишонаи издивоҷ асту асал боигарӣ.
Занҷир
Нафаре, ки худ ё шахсеро занҷирбанд хоб мебинад, даст ба гуноҳи азим зада, барои аъмоли содирнамудаи худ дар дил тарс мепарварад. Мард агар дар гардани худ занҷир хоб бинад, бо зани хислаташ хеле бад издивоҷ менамояд.
Занозанӣ
Агар инсон хоб бубинад, ки ӯро нафаре ба замин афтонидааст, нафари ҳуҷумкарда дороияшро нобуд месозад. Дар хоб бо нафаре занозанӣ кардан аз ҷанҷолу муноқиша, низоъ бо дӯстон, мушкилоти оилавӣ ва ғаму алам шаҳодат медиҳад.
Зангӯла
Агар нафаре дар хобаш зангӯла занад, ин нафар миёни одамон хабару овозаҳои бардурӯғ паҳн мекунад.
Зайтун
Зайтун дар хоб боигариву неъмат аст, дарахти зайтун бошад, шахси хушбахту барои оилаи худ манфиатбахш аст. Нафаре, ки равғани зайтунро аз худи дарахт ҷабида мегирад, ба баракату неъматҳо мерасад. Дар хоб ҷабидани зайтун нишонаи хайру баракат аст.
Зарар, зиён
Нафаре, ки дар хобаш ягон молу ашёи зеборо фарсуда мегардонад, ба неъмати атонамудаи Оллоҳ зиён мерасонад.
Заргар
Заргар дар хоб ҳамчун дурӯғ, фиреб ва қаллобӣ таъбир мегардад, вале заргарро машғули тиловати Қуръон хоб бинед, хобатон таъбири нек дорад.
Зардолу
Агар хоб бубинед, ки зардолу истеъмол мекунед, ин нишонаи он аст, ки бемор мешавед ё чизи бароятон азизеро аз даст медиҳед.
Захира, тӯшаи роҳ
Нафаре, ки дар хобаш тӯшаи роҳ мебарад, ин хоб нишонаи худотарсии ӯ аст.
Заҳр
Заҳр дар хоб башорати марг аст.
Зикри Худованд
Нафаре, ки дар хобаш зикри Оллоҳ мекунаду дар асл чунин амал хоси ӯ нест, пас гирифтори бемориву ғам мегардад ва аз Худованд мадад металабад. Рафту дар ин асно сухани аблаҳона гӯяд, дар ҳоли ногувор монда, шарманда мешавад. Агар дар хоб зикр ва қироати Қуръонро шунавед, биное, ки дар ин мавзеъ қомат меафрозад, мустаҳкам буданаш аз то кадом андоза дуруст қироатшавӣ вобастагӣ дорад. Рафту дар қироати Қуръон ғалат сар зада бошад, хоб амалӣ намегардад. Нафаре, ки дар хоб ҳангоми қироати Қуръон ба ғалат роҳ медиҳад, душмани худро ғолиб меояд.
Зина, нардбон
Зина дар хоб нишонаи расидан ба шуҳрат ва пешравиҳо аст. Нафари дар сафар қарордоштае, ки дар хобаш аз зинаҳо поин мешавад, дар бедорӣ аз сафар бармегардад, рафту шахси чунин хобдида сарвари кишваре бошад, аз вазифа сабукдӯш мегардад. Дар хоб бо зина боло баромадан маънои дар зинаҳои дини ислом боло рафтанро дорад. Аз зинаҳои аз хишти сиёҳ сохташуда боло баромадан шуҳрати ҷаҳонӣ ба даст овардан ва бо шарофати корҳои хайру садақа иззату эҳтиром ба даст овардан аст. Дар хоб бо зинаи хиштҳояш сурх, кабуд ё чӯбин боло шудан, маънои мунтазам ба иззату икром расиданро дорад. Бо зина дар хоб боло баромадан нишонаи бурдборӣ ва комёбӣ дар касбу кор аст. Дар хоб зинаро то охир баромадану дар ҷои шинос қарор ёфтан, маънои ба даст овардани фоида ё саёҳати бобарорро дорад. Зинаҳоро баромада, ба хонаи зебову шинос ё толор ворид гардидан дар хоб маънои онро дорад, ки зиндагии сипаринамудаи шахси чунин хобдида дуруст буд ва руҳи ин нафар баъди маргаш ба биҳишт ворид мегардад. Аз зинаҳо поин шудану дар ҷои шиносе қарор гирифтан дар хоб маънои аз мушкилиҳои зиндагӣ раҳо шуданро дорад. Хобе, ки дар он инсон аз зинаҳо поин шуда, ба ҷое ношиносе ворид мегардад, маънои онро дорад, ки умраш ба охир расидааст ва ҳар як зинаи поиншуда маънои солҳои аз сар гузаронидаи инсонро дорад. Дар хоб дидани зинаи тиллоӣ нишонаи нек аст, зинаи мисӣ лаззати зиндагӣ, зинаи нуқрагин нишонаи зино, зинаи чӯбин рамзи дурӯягӣ аст. Обрӯву нуфузи нафаре, ки зинаи чӯбинро хоб мебинад, баробари бадҷаҳлияш байни мардум баланд мегардад.
Зерманаҳ
Зерманаҳ дар хоб нишонаи наслу авлод ва хешовандони сершумор аст.
Зихнагӣ
Зихнагӣ дар хоб нишонаи камбизоатӣ, заифӣ, хунрезӣ ва марг аст
Зиреҳ
Зиреҳ дар хоб аз душманон дар амон мондан, бехатарӣ ва ҷасурӣ аст.
Зоғ
Нафаре, ки дар хоб зоғро меқапад, пули ҳаром ба даст меорад. Хӯрдани гӯшти зоғ дар хоб эҳтимоли аз дасти дузд пул гирифтан аст. Дидани зоғ дар хонаи худ аз содир намудани ҷинояти мудҳиш пешгӯӣ мекунад.
Зоғи ало
Дар хоб дидани зоғи ало маънои онро дорад, ки шахси чунин хобдида бо нафарони барояш азиз ҷудо ва мусофир мегардад. Ҳамзамон зоғи ало дар хоб ишора ба ҷанг ва ба хок супоридани фавтидагон аст.Зону
Зону дар хоб меҳнати вазнини инсон ва аз зиндагӣ хаста шудани ӯро нишон медиҳад.
Зулф, кокул
Зулф ва кокул дар хоб ба тавлиди тифле ишора мекунад, ки барои модари худ хушнудӣ меорад. Худро бо зулф ё кокул хоб дидан, нишонаи тавлиди тифл ва мустаҳкам шудани риштаҳои хешутаборӣ аст. Рафту кокули зан дар хобаш дароз шавад, тифл ба дунё меорад.