Formula novemver 2024
Хобномаи исломӣ: бо ҳарфи Н
64656

Навдаи ангур

Ҳар нафаре, ки навдаи ангур хоб мебинад, шахси тақводор, саховатманд ва меҳрубон аст.

Нависанда

Дар хоб дидани адибе, ки бо навиштани китоб машғул аст, нишонаи шоҳиди амали манфӣ шуданро дорад.

Навиштан

Нафаре, ки дар хоб дар либоси худ навиштаҷоти оёти Қуръонро мебинад, фармудаҳои ин китоби муқаддасро риоя менамояд. Дар хоб бо дасти чап навиштан ба амали бад роҳ додан ва иштибоҳ кардан аст. Ҳамзамон чунин хоб нишонаи он аст, ки шахси хобдида фарзандонеро ба дунё меорад, валадзино ҳастанд. Навиштан дар хоб ба маънои ҳиллаву найранг аст, шахси нависанда бошад, ҳамчун ҳиллагар таъбир мегардад. Рафту ҳусни хати нависанда безеб бошад, пас шахси чунин хобдида пушаймон шуда, аз фиреб додани одамон даст мекашад.

Най, сурнай

Най дар хоб ҳамчун дилхушӣ, бозӣ ва ошӯбу балво аст. Агар нафаре аз қориёни Қуръон най хоб бубинад, дар касби худ мувафақ мегардад. Най хоб дидани шахси бемор нишонаи марг аст. Нафаре, ки нафарони ношиноси найнавозро хоб мебинад, аз сухану гуфтаҳои худ сар мепечад, агар найнавозон наздикони шахси хобдида бошанд, обрӯву эътибораш зиёд мегардад.

Намак

Намак дар хоб нишонаи худдорӣ намудан аз хушиҳои зиндагӣ ва ҳамзамон лутфи Оллоҳ аст. Дар хоб намак ёфтан нишонаи беморӣ ва бадбахтӣ аст.

Намоз

Шахсе, ки дар хобаш намоз мехонад, имонаш қавӣ асту суннатҳоро риоя намуда, аз гуноҳ дур аст ва ба муҳаббати Оллоҳ мушарраф гаштааст. Нафаре, ки рӯ ба Қибла намоз гузошта, саҷдаҳоро дуруст ба анҷом мерасонад, дуову таваллояш ба даргоҳи Оллоҳи бузург қабул мегардад. Шахсе, ки дар хобаш намозро бо нуқс мегузорад, имонаш ҳамон андоза кам мегардад. Дар хобе, ки намоз дар масҷид гузорида мешавад, ба шахси хобдида осоиштагӣ ва хушҳолии зиндагӣ ато мекунад. Дар хоб намози панҷвақта гузоридан маънои онро дорад, ки шахси хобдида ба сафари шавқовар баромада, дар зиндагӣ ба некиву эҳсон мерасад.

Наҷас, наҷосат

Ҳар нафаре, ки дар хобаш наҷосат мекунаду дигарон ба ӯ нигоҳ мекунанд, ин шахс бояд аз шармандагӣ эҳтиёт шавад. Шахсе, ки дар хобаш дар бистари худ наҷосат мекунад, ба зани худ талоқ медиҳад ё гирифтори бемории дурудароз мегардад. Хобе, ки дар он инсон ба ягон аъзои бадани худ наҷосат мекунад, маънои ба гуноҳ даст заданро дорад.

Найза

Найза дар хоб нишонаи ҷанг, душманӣ ва муноқиша аст. Баъзе уламо бар он ақидаанд, ки найза дар хоб рамзи ҳақиқат аст, тоифаи дигар дар хоб дидани найзаро нишонаи сафари бебарор мешуморанд. Ҳамзамон найза хоб дидан маънои онро дорад, ки шахси чунин хобдида ба наздикӣ бародар ё писари худро мебинад. Бо найза касеро задан маънои ӯро бадном карданро дорад. Найзаи шикаста маънидодкунандаи бемории бародар ё писар аст.

Нақб

Дар хоб вориди нақб шудан нишонаи ба доми макру ҳилла афтидану фиреб хӯрдан аст. Шахсе, ки дар дохили нақб об пайдо мекунад, бар зидди дигарон макру ҳилла пеш гирифта, фиреб мекунад. Ба тунел ворид гаштану равшаниро надидан, нишонаи он аст, ки ба хонаи шахси чунин хобдида дузд медарояд ва тамоми моли қимматбаҳоро медуздад. Дар дохили нақб намоз гузоридан нишонаи баргардонидани моли дуздидашуда аст.

Нақора, табл

Дар хоб шунидани садои таблу нақора нишонаи он аст, ки инсон ба ҳарфҳои беҳудаву хушку холӣ гӯш андохтааст. Дар навои нақора рақсидани одамони зиёд аз бадбахтӣ хабар медиҳад.

Нарак, гавмиҷҷа, пучак

Нафаре, ки дар хобаш дар бадани худ нарак, гавмиҷа ё пучак мебинад, баъди муддати тӯлонӣ боигарӣ ба даст меорад.

Нахӯд

Саломатӣ ва муваффақият насиби оне мегардад, ки дар хоб нахуд мебинад ё онро истеъмол мекунад.

Наҳанг

Наҳанг дар хоб аз вохӯрӣ бо душман далолат медиҳад.

Нафрат, адоват

Дар хоб дидани шахсе, ки нисбаташ нафрату адоват доред, нишонаи қонеъ набудан, пушаймон шудан ва мавриди имтиҳон қарор гирифтан аз он аст, ки бо чунин шахс дӯстӣ мекунӣ.

Ниқоби тӯрӣ, рӯйҷо

Дар хоб дидани зане, ки рӯяшро бо тур пӯшонидааст, ба имон, покдоманиву боиффатии ӯ ишора мекунад. Агар зан аз рӯяш ниқобро бардорад, ҳаҷи умра ва ҳаҷи фарзӣ мекунад.

Ниқоб

Ниқоб дар хоб ҳушдор аз он аст, ки шахси наздикатон шуморо фиреб медиҳад.

Ниҳолшинонӣ, кишт

Нафаре, ки дар хоб кишт мекунад ё ниҳолу гул мешинонад, завҷааш ҳомиладор мешавад. Сӯхтани замини кишт дар хоб нишонаи қашоқиву хушксолӣ аст. Шахсе, ки дар хобаш дар замини сабз медавад, даст ба амалҳои нек мезанад.

Нобиноӣ, кӯршавӣ

Нобиноӣ дар хоб нишонаи гумраҳӣ дар эътиқоди динӣ аст. Баъзеҳо бар онанд, ки худро нобино хоб дидан нишонаи он аст, ки рӯзҳои наздик ҳодисаи пурнишоте рух медиҳад.

Новадон, обрез

Агар дар хоб аз новадон об ҷорӣ бошаду борон набошад, нишонаи ошӯб аст. Рафту дар баробари хоб дидани новадон ҳаво боронӣ бошад, чунин хоб даромади пулиро пешгӯӣ мекунад.

Нок

Нок дар хоб аз саломатии заиф дарак медиҳад.

Ном

Агар номи инсон дар хоб тағйир ёбад, башорати нек аст.

Нон

Нон аз орди сафед ҳамчун насибаи Оллоҳ ва зиндагии серу пур таъбир мегардад. Нони сафеду покиза нишонаи зиндагии хушбахтонаву беҷурм аст, ки ба хотири Оллоҳ ба сар бурда мешавад. Нафаре, ки дар хобаш нонро миёни одамон ё камбизоатон тақсим мекунад, илму маърифати даркорӣ аз худ намуда, дороияш афзун мегардад. Дар хоб аз дасти шахси фавтида нон гирифтан маънои ба даст овардани маблағи пулӣ ё мояи рӯзгузаронист. Шахси муҷаррад дар хоб нон истеъмол кунад, издивоҷ менамояд. Инчунин нон нишонаи рафъ гардидани ғаму андуҳ аст. Нони гарм дар хоб дурӯягӣ ва маблағи бо роҳи ҳаром ба даст овардашудааст, зеро гармии оташ ҳанӯз дар он боқӣ мондааст, оташ бошад, ҳамчун шайтон таъбир мегардад. Нони пупанакзада дар хоби мард аз заифии имон ва кирдори бади завҷаи ӯ дарак медиҳад. Нони аз ҳад зиёд мулоим нишонаи он аст, ки шахси хобдида бар ивази заҳмати зиёд маблағи ночизе ба даст меорад. Нонпазӣ дар хоб кӯшиши беҳтар сохтани вазъи зиндагӣ дар бедорӣ аст. Истеъмоли нон дар хоб далели дидор бо бародарон аст. Истеъмол намудани нони сахту хушк рамзи зихнагӣ ва сарфакории аз андоза зиёд аст.

Нонвой

Нонвой дар хоб ба зиндагии серу пур ва босаодат ишора мекунад ва дар баъзе ҳолатҳо ба маънои муҳаббати волидон аст. Дар хоб нон пухтан нишонаи ба даст овардани ҳосили хуб ва дороӣ аст. Аз дасти нонпаз нон гирифтан дар хоб маънои аз зиндагии ин нафар фоида ба даст овардану аз ғаму кулфат раҳо шуданро дорад.

Ноумедӣ

Дар хоб аз лутфу марҳамати Оллоҳ ноумед шудан нишонаи он аст, ки шахси чунин хобдида ба кору амали дар ислом мамнуъ даст мезанад.

Нохун, чангол

Нохун, чангол дар хоб нишонаи ғолибият бар душман аст. Қайчӣ кардани нохун дар хоб риоя намудани суннатҳо аст. Боз мегӯянд, ки дар хоб нохуни худро дидан маънои имкониятҳои худро дуруст баҳогузорӣ карданро дорад. Агар нохун дар хоб шиканад, нишонаи ҳалокат аст. Нохуни сафед дар хоб ба хотираи хуби инсон ишора мекунад. Надоштани нохун дар хоб аз муфлисшавӣ далолат медиҳад. Агар андозаи нохун дар хоб ба андозаи аслии он дар бедорӣ баробар бошад, ин хоб маънои онро дорад, ки шахси чунин хобдида дар дину зиндагӣ самимӣ ва худотарс аст. Зане, ки дар хобаш нохун ранг мекунад, шавҳараш бо ӯ муомилаи хуб дорад. Нохунҳои дарозу зебо дар хоб нишонаи боигарӣ ва сару либоси зиёд аст. Агар нафареро, бо нохуни аз ҳад дароз хоб бинед, ин хоб маънидодкунандаи он аст, ки ин нафар кори оғознамударо бо нерӯи зиёд вайрон сохта метавонад.

Ношунавоӣ

Қувваи сомеа дар хоб дину имони инсон аст. Агар нафаре паст шудани шунавоии худро хоб бинад, эътиқоду имонаш низ заиф мегардад.

Нуқра

Нуқра дар хоб дороии ҷамъоварда аст. Тамға дар нуқра духтари зебову сафед аст. Зарфи нуқрагин дар хоб мол барои савдогарону тоҷирон ё амалҳои нек аст. Дар хоб истифода бурдани зарфи нуқрагин нишонаи даст ба гуноҳ задан аст. Дар хоб пайдо намудани ашёи нуқрагин маънои ёфтани хазина ё бо макри зане рӯ ба рӯ шуданро дорад. Дар даруни нуқра шино кардан аз рух додани муноқиша ва ба ғайбату бадгӯии одамон гирифтор шудан дарак медиҳад.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(7)
Сироч 2023-05-02, 20:32
Хоб дидам ки дар як маракахам амо шикамам рафт хамам чазир шуд чи мано дора
Посух
каримова фируза 2023-05-19, 07:50
худчанд
Посух
Шодизода Умедчон 2023-05-24, 04:34
Хоб дидамки намоз мехонам ва дар вакти намоз нобино шудам ва аз тарс ду бор сачда кардаму биноиям бар гашт
Посух
Ислом 2023-06-02, 14:30
Салом ман писар хастам дар хобам аз нордбон аз ошёнаи боло ба поён мефороям, ва нордбон мечунбид кариб буд меафтам, ва ба поён фаромадам, маьнояшро медодед Рахмат! [email protected] почтаи ман илтимос равон кунед
Посух
Нуруллло 2023-08-01, 06:35
Салом алейкум Дар хоб намози бомдода Хондан чи мано дорад
Посух
Нурлло 2023-08-01, 07:47
Дар хоб намози бомдода Хондан чи манго дорад
Посух
Нилуфар 2023-09-26, 07:44
Дар хобам дидам, хама нохунхоям афьиданд
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(7)
Сироч 2023-05-02, 20:32
Хоб дидам ки дар як маракахам амо шикамам рафт хамам чазир шуд чи мано дора
Посух
каримова фируза 2023-05-19, 07:50
худчанд
Посух
Шодизода Умедчон 2023-05-24, 04:34
Хоб дидамки намоз мехонам ва дар вакти намоз нобино шудам ва аз тарс ду бор сачда кардаму биноиям бар гашт
Посух
Ислом 2023-06-02, 14:30
Салом ман писар хастам дар хобам аз нордбон аз ошёнаи боло ба поён мефороям, ва нордбон мечунбид кариб буд меафтам, ва ба поён фаромадам, маьнояшро медодед Рахмат! [email protected] почтаи ман илтимос равон кунед
Посух
Нуруллло 2023-08-01, 06:35
Салом алейкум Дар хоб намози бомдода Хондан чи мано дорад
Посух
Нурлло 2023-08-01, 07:47
Дар хоб намози бомдода Хондан чи манго дорад
Посух
Нилуфар 2023-09-26, 07:44
Дар хобам дидам, хама нохунхоям афьиданд
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД