Sebiston new 2024 october
Хоби шайтонӣ ё роҳат?
1072

Баъзе аз нафарон бо ишкам хоб рафтанро роҳаттар медонанд, нисбат ба дигар тарзҳо хоб, чун якпаҳлӯ, бо пушт ва ғайраҳо. Оё ин дуруст ва ҷоиз аст?

Ба зикри домуллоҳои дин бо шикам хобидан ё рӯйи худро ба болишт расонда хобидан аҷинҳоро бисёр мекунад. Агар шумо ин ҳолатро давом диҳед, пас аз 35 солагӣ аҷинҳо дар баданатонро чуқуртар ҷой мегиранд.

Ҳар қадаре, ки мо дар ин бора ҳарф занем, онҳое, ки қоидаи рост нигоҳ доштани сутунмӯҳраро риоя мекунанд, ниҳоят каманд. Заифии мушакҳои шикам, дарди китф ва миён натиҷаи рост надоштани қомат мебошад.

Дар ҳадисе хоб рафтан бо шикамро Паёмбар (с.в.с.) манъ намудаанд, ки ҳадис чунин аст: "Аз Яъиш бин Ғиффорӣ (р.а.) ривоят аст, ки гуфт: Падарам гуфт: Якбор дар байни масҷид бар рӯи шикам дароз кашида будам, ногаҳон дидам, ки марде бо пойи худаш маро ҳаракат медиҳад ва пас мегуяд: "Ин дароз кашиданиест, ки Худованд онро бад мебинад". Мегуяд: Вақте, ки назар кардам (ин марде, ки бо пояш маро ҳаракат медод), Паёмбар (с.в.с.) будааст. (Ин ҳадисро Абудовуд бо санади саҳеҳ ривоят кардааст)".

Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон ҳам ба шикам хоб карданро ноҷоиз гуфт.  "Ба шикам хобидан хилофи суннати Пайғомбар (с) аст. Ин навъ хобро аз навъи хоби шайтонӣ зикр кардаанд", - гуфтааст Шӯрои уламо.
Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД